Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

Чун занҳо баъд аз пок шудан аз ҳайз се рӯз пай дар ҳам инро биёшоманд, сарро дафъ месозад.
Мегӯянд, ки чун зан панирмояи заргӯши нарро ё хояи онро бо шароб даромехта бихӯрад, ҳомила мегардад — писар мезояд ва аз модаи он биёшомад, духтар меоварад.
Чун миқдори якуми нахӯд аз панирмояи заргӯш биёшоманд, таби дурӯздармиёнаро дафъ мекунад.
Чун панирмояро бо гулихайрӣ ва равғани зайтун сиришта, бар бадан бигузоранд, тир ва хори дарсмадаро берун меоварад.
Панирмояро ба сӯрохиҳои бинӣ бимоланд, хуни бинӣро манъ мекунад.
Агар бемори табгирифта инро ба нарангушташ биёвезад, таби серо дафъ месозад.
Панирмояи гӯрхар, бузи кӯҳӣ, оҳу, хачир, гӯсфанд ва филро ба қадри як нахӯд бихӯранд, бохро бағоят қавӣ мегардонад.

  1. Саг

Маълум, ки ин ҳайвони аҳлист.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст, вале мизоҷи бачаи бистрӯзааш гарм ва тар мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшти сагро пухта, бо давоҳои хушбӯй бихӯранд, девонагӣ ва молихулиё (меланхолия)-ро ба зудӣ шифо мебахшад.
Шири аввалин мартабаи сагро чаконанд, гули ҷармро дафъ мекунад.
Агар заҳраш онро бимоланд, мӯи зоиди дар чашм рӯидаро манъ мекунад, агар онро канда, ба ҷои он бимоланд.
Саргини сагеро, ки фақат бо устухон парвариш карда бошанд, гузошта банданд, дарди гулӯ ва варамҳои халқро шифо мебахшад.
Чун саргини саги дастнигарро дар тобистон гирифта, дар соя хушк кунанду бо шароб ё бо об биёшоманд, ё бо шире, ки дар он сангреза ҷӯшонида шуда бошад, ё оҳани тафсонро дар он хунук карда бошанд, биёшоманд, исҳоли хунинро даво мешавад.
Хуни хушккардаи онро ба қадри 17,5 грамм бихӯранд, исҳоли хунинро дафъ мекунад.
Чун бачаи сагро, ки ҳанӯз чашм накушода бошад,

пешина
аз 702
навбатӣ