Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

ми бачааш дарҳол ҷудо карда мегиранд хоҳ дар он мосс бошад бо он, хоҳ набошад. Баъди зоида шудан низ то коҳ хӯрдани он ин узви онро панирмоя меноманд ва аз он, ки коҳ ё алаф бихӯранд, онро панирмоя наменоманд. Панирмояи ҳар як ҳайвон хислати ба худ хосеро дорад. Инро ҳам дар тарияш ва ҳам хушк намуда истеъмол мекунанд.

Мизоҷи ҳамаи навъҳои он дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст, вале мувофиқи як қатор қавлҳо гарм дар аввали дараҷаи саввум аст.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, барои саръ (припадка) дору мебошад; агар бо сирко ё бо маска, ё бо асал бихӯранд, саръро, ки аз ҷамъ шудани балғам дар майна бошад, шифо мебахшад, хусусан панирмояи заргӯш дар ин бобат қавитар аст, ки 1,75 грамми онро дар сиркои ангурӣ ҳал намуда бинӯшанд. Чун кӯдаконро камтар аз он бихӯронанд, аз иллати саръ эмин мегарданд.

Ошомидани ҳамаи навъҳои панирмоя барои тамаддуд (беҳаракат мондани узв), кузоз (столбняк)-и балғамӣ ва хафа (бӯғма) шудани бачадон шифо мебахшад, зеро ки ин гудозандаи ҳамаи ахлоти шахшуда аст ва баръакс шах ва ғафскунандаи ахлоти гудохта мебошад. Хуллас, онро дар сирко ҳал карда бихӯранд, хуни дар меъда шахшударо таҳлил медиҳад. Хоҳ батанҳоӣ бихӯранд ва ё бо давоҳои муносиб инро биёшоманд, хун ва ширро, ки дар меъда, ҳичак (пешобдон) ва дигар узвҳо шах шуда бошад, таҳлил менамояд, хуни биниро мебандад, ҳомила шуданро манъ мекунад, исҳолро мебандад; умуман агар инро бихӯранд, дилро қавӣ мегардонад, фараҳ мебахшад. Аммо бинобар он, ки бисёр гарммизоҷ аст, асабро аз фараҳ ҳам зиёда бармеангезад ва инчунин ғазабро ба ҳаяҷон меоварад.

Агар занҳо баъд аз пок шудан аз ҳайз инро аз таг бардоранд, ба ҳомила шудан кӯмак мерасонад.

7,75 грамми онро бо шароб биёшоманд, бинобар қуввати тарьекӣ доштанаш газидани ҷонварони захрноки монандӣ морро шифо мебахшад ва заҳрҳои қаглоро аз бадан дафъ мекунад; исҳоли кӯҳнаро банд месозад, дарди шикам ва захми рӯдаҳоро шифо мебахшад ва равон шудани рутубати бемавриди бачадонро, ки кӯҳна шуда бошад, ислоҳ мекунад.

пешина
аз 702
навбатӣ