Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

доранд, ки монандӣ феълҳои умумии онҳо мебошанд, масалан: тафтех (кушодани гиреҳҳо), тасдид (банд кардани маҷроҳо), радъ (ман кардан аз равиш), таҳлил (ҳал кардан, гардонидани варамҳо) ва монандӣ инҳо.

Ҳар давоҳо хислати махсусро соҳибанд, ки ҳаждаҳ қисмро дарбар мегиранд: ба ин тариқ, ки ғизо гоҳ дар ҷигар хуб ҳазм меёбад — инро солеҳ-ул-каймус меноманд ва гоҳ ҳазмаш дар ин узв бад мебошад, ки ин навъашро фосид-ул-каймус мехонанд. Ғизои солеҳ-ул-каймус он аст, ки аз он хуни софи табиӣ пайдо мешавад ва дар он ахлоти дигар омехта намебошад, вале ба қадри ҳочат омехта гардад, низ равост. Ғизои фосид-ул-каймус он аст, ки аз он хуни ғайри соф пайдо мешавад, яъне дар он ахлоти дигар ҳам омехта мебошад — ин бар хилофи ғизои солеҳ-ул-каймус аст. Ҳар як аз ин ду намуди ғизо ба се тақсим мешавад: ғизои сараи хушҳазм, бадҳазм ва мӯътадили байни ин ҳар ду. Боз се қисми дигар дорад: касир-ул-ғизо, яъне ғизояташ зиёд; қалил-ул-ғизо, яъне ғизояташ кам ва мӯътадили байни ин ҳар ду. Касир-ул-ғизо он аст, ки баъд аз хӯрдан аз он хуни бисёр пайдо мешавад, вале қалил-ул-ғизо он аст, ки аз он хун камтар ҳосил мегардад, аммо миёнаҳоли байни ин ҳар ду бошад, аз он миқдори хун ба андозаи мӯътадил ба амал меояд. Инак, ғизоҳо аз ҳаждаҳ қисм иборат аст, се зарби шаш (3Х6) ва ба ибораи дигар он аст, ки ғизо ё латифи сабук аст, монанди исфаноҳ, ё ғализ аст монанди панир ва ё мӯътадил, монанди обгӯшти бузғола. Ҳар воҳиди аз он ҳар се ё сара аст, монанди обгӯшти чӯҷаи мург, тухми мург, моҳии реза ё мӯътадил аст, монанди обгӯшти бузғола, нахӯд, нони нав пухташуда, ва ё носара аст, монанди ҳардал (горчица), сир (чеснок) ва пиёз. Ҳар яке аз инҳо ё касир-ул-ғизо аст, монанди зардаи тухми мурғи нимпухта (нимбирён), ё дар ғизоят мӯътадил, монанди нахӯдшӯрбо бо асал, ё қалил-ул-ғизо, монанди дигар давоҳо чунончӣ дар ин ҷадвал қайд мегарданд:

1 а. Хуби солеҳ-ул-каймуси касир-ул-ғизо, монанди зардаи тухми нимбирён ё бирён кардашуда, гӯшти кабк, шароб.

1 б. Вазнинии солеҳ-ул-каймуси касир-ул-ғизо, монанди зардаи тухми мурғи дар равған бирён кардашуда.

пешина
аз 702
навбатӣ