Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
1 в. Мӯътадили солеҳ-ул-каймуси касир-ул-ғизо, монандӣ гӯшти барраи яксола.
2 а. Сабуки солеҳ-ул-каймуси қалил-ул-ғизо, монандӣ анор ва себ.
2 б. Сахти солеҳ-ул-каймуси қалил-ул-ғизо, монандӣ панири нави ғайри кӯҳна.
2 в. Мӯътадили солеҳ-ул-каймуси қалил-ул-ғизо, монанди шалгам.
3 а. Сабуки солеҳ-ул-каймуси ғизояташ миёнаҳол, монанди нони гандуми покиза.
3 б. Сахти солеҳ-ул-каймуси дар ғизоят миёнаҳол, монанди гӯшти бачаи гов.
3 в. Мӯътадили солеҳ-ул-каймуси дар ғизоят миёнаҳол, монанди гӯшти шутурбача.
4 а. Сабуки дар ҷигар бадҳазм, яъне фосид-ул-каймуси касир-ул-ғизо, монанди шуши ҳайвон.
4 б. Вазнини дар ҷигар бадҳазм, яъне радди-ул-каймуси касир-ул-ғизо, монанди гӯшти гов.
4 в. Мӯътадили дар ҷигар бадҳазм, яъне радди-ул-каймуси касир-ул-ғизо, монанди карами имрӯза, яъне каллакарам.
5 а. Сабуки дар ҷигар бадҳазм, яъне фосид-ул-каймуси қалил-ул-ғизо, монанди турб, пиёз ва ҳар чӣ тез ва тунд бошад.
5 б. Сахти дар ҷигар бадҳазм, яъне радди-ул-каймуси қалил-ул-ғизо, монанди гӯшти хушк.
5 в. Мӯътадили дар ҷигар бадҳазм, яъне радди-ул-каймуси қалил-ул-ғизо, монанди зардак (сабзӣ).
6 а. Сахти дар ҷигар бадҳазм, яъне радди-ул-каймуси ҳамчун ғизо миёнаҳол, монанди нони фатири пухташ носара.
6 б. Сахти дар ҷигар бадҳазм, яъне радди-ул-каймуси мӯътадил-ул-ғизо, монанди каллакарам.
6 в. Мӯътадили дар ҷигар бадҳазм, яъне радди-ул-каймуси мӯътадил-ул-ғизо, монанди моҳии хушк кардашуда.
Подзахр ва тарьёк он аст, ки таъсираш дар бадан, ҳарорати ғаризӣ (табиӣ), қувватҳо ва арвоҳ (рӯҳҳо) ба тариқи мувофақат, муҳофазат аст ва моддаи оихл ба ҳадде бошад, ки дар амали дафъ ва дур кардани газанд ва азияти захри изобахш ёрӣ ва муқобалат намояд, ки инро батафсил зикр мекунем. Он, ки афъю ро низ тарьёк меноманд, ба таври маҷоз аст ва дар ин амр вай ба тарьёки ҳақиқӣ шарик мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё