Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

гардонанд, дарди гулӯи бадтарин ва дигар дардҳои гулӯ, варамҳои милки дандон ва забонҷаи ҳалқ, инчунин варами ғадудҳои бодомшаклро шифо мебахшад; милки дандонро мустаҳкам мекунад, дарди дандонро таскин медиҳад.

Каҳрабо ва сандарусро маҳин ос карда, бо шири хар сиришта, дар бинӣ бирезанд, хуни биниро манъ мекунад.

Агар шири харро бинӯшанд, барои бемориҳои узвҳои даруни сина, сил, дик (бемории лоғаркунанда), захмҳои шуш, таб ва иллатҳои гарму тез, лоғарӣ аз гармӣ ва хушкӣ, сурфа, душвории нафаскашӣ, тафс, назлаҳои тез ва хун кай карданро шифо мебахшад (хусусан бо каҳрабо ва шилми бодом ва катиро биёшоманд, хун кай карданро ба зудӣ манъ мекунад), дарунро мулоим мегардонад; инчунин барои истиско (водянка)-и гарм, сахтии сипурз, тафсидани хун ва сафро шифо мебахшад.

Агар бо шири хар хукна (клизма) кунанд, исҳоли хунинро мебандад, ҷароҳати рӯдаҳо ва бачадонро сиҳат мекунад. Инро бо чакрарез дар сӯрохи закар бичаконанд, сӯзиши пешоб (сӯзок)-ро шифо мебахшад; ва агар бо равғани қаду даромехта бичаконанд, захми роҳи пешобро сиҳат мекунад.

Хӯрдани ин шир зарарҳои давоҳои каттолро дафъ мекунад.

Ин ширро бо заъфарон даромехта гузошта банданд, варамҳои зоҳирӣ ва ботиниро таҳлил медиҳад.

Ошомидани шири хар ба одамони сардмизоҷ ва тармизоҷ, дарди сари аз хунукӣ, чарх задани сар, ҷаранги гӯш доштагон зарар дорад, хусусан инро нӯшида, дарҳол хоб кунад, ҳиккак (ҳиқичок) мекунад, оруғи дуднок меоварад. Ҳамаи ин зарарҳояшро гулканди асалӣ бихӯранд, ислоҳ месозад.

Миқдори як бор нӯшидан аз шири хар дар як рӯз аз 50 то 150 грамм аст, ки бояд бо шакар, катиро, равғани тухми қаду, оби ширинбӯяи бо ҷӯш ғафс гардонидашуда ва монанди инҳо биёшоманд.

Вале истеъмоли ширашро барои беморӣ харро бо хӯрокҳои муносиби онҳо парвариш кардан даркор аст, масалан, барои хун кай кардан, сил, диқ бо кашнизи тар, барги ҳино, туршак (щавель), шохҳои авсаҷ, барги зуф, коҳу, чавӣ дар об тар кардашуда ва ғайра. Барои пок кардани бадан, таҳлили варамҳо ва кушодани

пешина
аз 702
навбатӣ