Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
гиреҳҳо бо карафс, арпабодиён, дармана, бӯймодарони маҳинбарг, ҷави дар об тар кардашуда ва бо тухми карафс даромехта додан даркор аст.
Ба ҷои шири хар шири буз ё шири занонро истеъмол фармоянд, раво мебошад.
б) Шири гов. Беҳтарини он аз шири гови ҷавони фарбеҳ ва сиҳат аст.
Мизоҷаш мӯътадил дар гармӣ, сардӣ ва тарӣ мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: шири навдӯшидаи говро, ки ҳанӯз сард нашуда бошад, биёшоманд, ҷавҳари майнаро қувват мебахшад ва онро намнок мегардонад, рутубатҳои аслии баданро нигоҳ медорад; нисён (фаромӯшхотирӣ), молихулиё ва васвосро дафъ мекунад; ранги рухсорро неку мегардонад ва бемориҳои биниро фоида дорад.
Бо мудовамат чаконидан ва молидани он аксари беморӣ ва иллатҳои чашмро, ҳатто беилоҷро ҳам шифо мебахшад. Агар бо анзарут даромехта бимоланд, ноҳунак ва пардаи ба чашм афтодаро, ки монандӣ дуд дар қарнияи (сиёҳии) чашм намоён мешавад, инчунин ширнокро, ки гӯшти зиёдатии дар болои пилк пайдо мешавад, дафъ мекунад.
Агар ин шири навдӯшидаро гармогарм биёшоманд, дилро қавӣ мегардонад, ғамро дур мекунад, васвос, дилтапак (дилбозӣ), захми шуш ва силро, ки бе таби моддӣ (бе савдо ва бе балғам) бошад, инчунин харошида шудани рӯдаҳоро шифо мебахшад; дарунро мулоим мекунад, манӣ пайдо менамояд, боҳро қувват мебахшад, баданро фарбеҳ мегардонад. Хӯрдани ширбиринҷ, ки бо шакар нағз пухта бошанд, дарунро мулоим мекунад ва барои кулинҷи ахлотӣ фоида дорад.
Ширеро, ки дар он чанд бор оҳани тафсонро хунук карда бошанд, биёшоманд, исҳолро мебандад.
Шири говро бо баробари вазни он оби ширини холис даромехта биёшоманд, пешобро башиддат меронад ва роҳҳои пешобро пок мегардонад, хусусан бо камтар (то як грамм) зок ва 3,5 грамм наботро ос карда дохил намуда бошанд, таъсираш қавитар мегардад.
Ошомидан ва молидани шири гов барои кӯтур, хориш, шукуфаи пӯст ва махав даво мебошад.
Агар касе заҳр хӯрда бошад ё ӯро ҷонварони заҳрнок газида бошанд (масалан: мор, каҷдум, ғунда ва ғайра), батакрор ширро нӯшида кай кунанд, то он ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё