Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

нахӯд ва ниҳоят то 1,4 грамм дар вазн ва моил ба сурхӣ бармеояд.
Он дар ҳақиқат мобайни ҳайвон, растанӣ ва санг аст. Сангияти он бар ҳама ғолиб монандӣ подзаҳри ҳайвонӣ ва садафи он ҳайвонот аст, ки дар зери баҳр зиндагӣ ба сар мебарад, монандӣ растанӣ реша дорад ва сиёҳранг, ки дар байни сангҳо ва сангрезаҳои қаъри баҳр банд менамоянд ва батадриҷ калон мешавад.
Ҳангоми гуруснагӣ даҳан, яъне ду садафи худро мекушояд; моҳиёни реза, кирмҳо ва чизҳои шилмаки зери баҳрро, ки он чӣ дар даруни он меоянд, ғизои худ месозад. Харчанд ин махлуқ бузургтар гардад, решааш кавитар ва садафаш калонтар, сафед ва ялақкосӣ мегардад. Марворид дар миёни он қариб ба дили он пайдо мешавад. Ва мегӯянд, ки вай то ҳадди муайян калон мегардад ва агар ғаввосон он марворидро аз даруни он барнаоваранд, бо мурури вақт боз гудохта шуда, барҳам мехӯрад. Дар ҷоҳое, ки зери дарё аз хоки соф иборат бошад, марвориди хуб ба камол мерасад ва ҳарчанд санглохтар бошад, беҳтар мешавад.
Он чӣ ривоят аст, ки гӯё вақти боридани боронии найсон садаф рӯи об омада, даҳони худро мекушояд ва қатраи борон дар он бичакад, аз он марворид ҳосил мешавад — ин тамоман беасос аст.
Мизоҷи марворид дар охири дараҷаи дуввум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: хусусиятҳои умумии он:
фарахбахшанда, рақиқкунанда (суюқ), қувватбахши узвҳои ботинӣ, афзункунандаи қувватҳои нафсонӣ, ки манбааш майна аст; қуввати ҳайвонӣ, ки манбааш дил аст ва қуввати табиӣ, ки манбааш ҷигар аст, инчунин қувватбахш ба рӯҳҳои бадан, ки манбаи инҳо низ ҳар се узвҳои номбаршуда мебошанд. Марворид дар хислати фарахбахшии кавитар аз тилло аст ва ба тамоми узв ва қисмҳои бадан нуфузкунанда мебошад.
Агар соидаи инро бихӯранд, хун қай кардан ва ҳар гуна хунравиҳоро манъ мекунад; васвос, девонагиҳои гуногун, бадбӯии даҳан, дамкӯтаҳӣ, ҳамаи навъҳои дилтапак (дилбозӣ), хавф, ҳузн ва тарс аз бисёр гаштани моддаи савдо дар майна, бемориҳои дил, сустии меъдаи гарммизоҷон, инчунин сустии ҷигар ва гурдаро дафъ мекунад; гиреҳҳоро дар узвҳои бадан мекушояд,

149

пешина
аз 702
навбатӣ