Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад; зардпарвин ва сӯзиши пешоб (сӯзок)-ро дафъ менамояд; исҳоли хунин ва сафровиро банд мекунад, инчунин хуни бавосир ва ҳайзро ҳам манъ месозад.

Оберо, ки дар он марворид ҳал карда шуда бошад, дар бинӣ бирезанд, дарди сарро, ки аз рехтани мижгонҳои чашм ба амал омада бошад, дар мартабаи аввали нӯшидан шифо мебахшад.

Марворидро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, дарди чашм, шилпукӣ, торикии чашм, гули чашм, пардаи дудмонанди ба чашм афтода, тирагӣ ва захми онро шифо мебахшад.

Маҳлули марворидро ба чашм бимоланд, гули чашмро дафъ мекунад, ба чашм қувват мебахшад, сиҳати чашмро нигоҳ медорад. Агар инро ба дандонҳо бимоланд, милки дандонҳо қавӣ мегардонад ва дандонро аз чирк пок месозад.

Маҳлули марворидро занҳо аз таг бардоранд, ҳомила шуданро манъ мекунад.

Марвориди ғайри маҳлулро бимоланд, доғҳои кунҷидак, доғи сафеди пӯст, доғи махав ва ғайраро пок мекунад. Вале маҳлули онро бимоланд, песро дафъ месозад — ин ба қавли Арасту аст.

Кӯфтаи онро бипошанд, аз узвҳои берунӣ хун равен бошад, қатъ мегардонад; ба захмҳо бипошанд, онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад.

Инро бихӯранд ва бимоланд, захрҳои хӯрдашуда ва аз газидани мору каждум бошанд, дафъ мекунад.

Марворидро ба худ биёвезанд, дилро қувват мебахшад. Дар даҳан нигоҳ доштани он барои махав фоида дорад, ғам ва сустии дилро барҳам медиҳад.

Истеъмоли марворид ба дарун ба қавле барои ҳичак зарарнок аст, давои ин марҷон хӯрдан аст.

Миқдори як бор хӯрдан аз марворид дар як рӯз то 2,25 грамм аст. Ба ҷои ин садафи сафедро истеъмол намоянд, равост.

Огоҳ намоем, ки марворид аз расидани равған, бӯи бад, чирк ва дуд бадранг ва бекора мегардад.

Шустани он дар обе, ки биринҷ пухта бошанд, нимгарм ё оби биринҷ тар кардашударо бимоланд, онро соф мекунад. Ва ё агар ранг ва хислати марворид вайрон шуда бошад, ба кабутар ва мурғ бихӯронанд; баъди каме фурсат онро кушта, аз шикамаш берун оваранд, низ соф мегардад.

пешина
аз 702
навбатӣ