Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Тариқи ҳал (махлул) кардани марворид чунин аст. Инро соида, дар шиша андохта, аз болояш то пурра пӯшонидан оби турунҷ бирезанд, даҳани шишаро маҳкам намуда, дар зарфе, ки дар он сирко бошад, муаллақ биёвезанд, баъд он зарфро дар саргини асп то 14 рӯз гӯр кунанд, инак ҳал хоҳад шуд. Баъзе мутахассисон гуфтаанд, ки бар болои сирко овехтан шарт нест, балки худи ҳамин дар саргин гӯр кардан кофоя мебошад.

  1. Буз

Ин ҳайвони маълум ва машҳур аст, ки навъҳои аҳлӣ, саҳроӣ ва кӯҳӣ дорад. Мақоми ин баъд аз гӯсфанд ҷои дуввумро ишғол мекунад.

Мизоҷаш гарм ва тар аст, вале гармии гӯшти он аз гӯшти гӯсфанд камтар мебошад, мизоҷи кӯҳиаш аз аҳлӣ гармтар ва сабуктар, саҳроияш низ аз аҳлӣ гармтар ва сабуктар аст.

Хислатҳои шифобахши он: гӯшти буз барои одамони гарммизоҷ, беморон, барои одамони сарзаминҳои гарм форам ва мувофиқ аст, аз он дар ҷигар моддаи солим, инчунин хуни сара пайдо мешаванд. Вале хӯрдани гӯшти буз барои одамони савдовимизоҷ зарар дорад — дар ин маврид бодом, хурмо хӯрдан даркор аст, ки ислоҳи зарари он намояд. Бо гӯшти буз меваҳои тар, туршиҳо ва чаккаи ҷуғрот ё дӯғ хӯрдан бағоят зарарнок аст.

Гӯшти бузғола, ки аз шашмоҳагӣ гузашта бошад, рутубаташ афзун ва беҳтарини гӯштҳо буда, фишори баланди хунро паст мекунад, сабукҳазм ва барои беморон, инчунин барои касони нав аз беморӣ хеста форам ва мувофиқ аст.

Гӯшти бузро гармогарм ба узви зарба ва латхӯрда, инчунин ба пӯсти гармогарми он печонидан дардашро таскин медиҳад, намегузорад, ки он ҷо варам оварад. Пӯсти сари бузғоларо дар вақти гарм буданаш ба сар гузошта банданд, варами пардаҳои майна ва худи майна, инчунин зеҳни беҷошударо ба ибро меоварад. Майнаашро ба сар гузошта банданд, майнаро ва узвҳои сахтро мулсим ва аз рутубат таъмин мегардонад.

Заҳраи хушкшудаашро ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, пардаи ба он афтодаро, ки чашмро торик мегардонад, дафъ месозад.

пешина
аз 702
навбатӣ