Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

ба ҷоҳон гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад; нимсӯхтаи онро бо сирко сиришта бимоланд низ, ба он ҷоҳои мӯйрехта мӯй мерӯёнад, озаҳҳои чаппаро хушк карда мерезонад. Ва агар бо асал даромехта бимоланд, кӯтур, доғи сафеди пӯст, варамҳои сахт ва ширинҷаро ба ибро меоварад; бо тухми банг (кирмрезонақ) сиришта бимоланд, пистони занона хояҳои мардонро кӯчак мегардонад.

Саргинашро дар шароб бо ҳулба бипазанду гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад.

Чун гурдаи онро реза карда, гӯгирди кӯфтаро бар он пӯшида, кабоб кунанд, оби аз он баромадаро низ ба доғи сафеди пӯст бимоланд, дафъ мекунад.

Равғанашро гузошта банданд, ба захмҳо гӯшт мерӯёнад.

Саргинашро сӯхта, бо асал сиришта бимоланд, решҳои даванда ва рутубаташон асалмонандро шифо мебахшад. Ва агар саргини сӯхтаи инро бихӯранд, заҳри ҷонваронро аз бадан дафъ мекунад.

Саргини хушки бузро бо шароб ё бо сирко пухта
бимоланд, заҳри ҷонваронро ба худ мекашад.

Заҳраи бузи кӯҳӣ тръёки заҳри ҷонварон аст.

Равғанашро бо саргинаш ва заъфарон даромехта гузошта банданд, никрис (подагра)-ро шифо мебахшад.

Саргини хушки онро тафсонида, бо он доғ кунанд, иркуннасо (радикулит)-ро шифо мебахшад — инро доғи арабӣ меноманд. Тариқи он чунин аст, ки саргинро даргиронида, дар пашм печонида, дар ҷои чуқураки бехи нарангушти даст, ки дар таҳти бандҳо ва баробари нарангушт аст, то ҳарораташ кам гаштан бигузоранд, баъд бо доғи дигаре иваз кунанд, то он, ки ҳарорати он дар сурин ҳис гардад.

Саргини сӯхта ва ғайрисӯхтаи онро бо асал сиришта бимоланд, дарди буғумҳоро, ки аз сардӣ бошад,
шифо мебахшад ва агар бо сирко даромехта бимоланд,
дарди буғумҳоро, ки аз гармӣ бошад, ба ибро меоварад.

Саргини бузро дуд кунанд, ҷонварони зарарнок ва ҳашарот аз он ҷо мегурезанд.

Чун шоҳ ва суми онро сӯҳон карда, бо турб, асал ва беданҷир мукаттар намоянд, фулуззот ва ҳамон чизҳои сахтро мулоим месозад. Чун инро ҳал кунанд, ранги бағоят сиёҳ мегардад барои навиштан.

пешина
аз 702
навбатӣ