Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
- Каргас
Ин аз ҷумлаи парандаҳои дарранда аст бузургҷусса, рангаш қариб ба уқоб монанд ва моил ба сурхӣ, параш монанди най миёнхолӣ мебошад. Чашм бисёр тез, лоша ва тӯъмаро аз масофаи хеле дур мебинад ва бӯяшро ҳам эҳсос мекунад. Инчунин ба ҷойҳои хеле дур парвоз карда метавонад. Дар вақти хоб як чашмашро намепӯшонад — ин аз сабаби гармии мизоҷи он аст. Мувофиқи қавл ва мушоҳидаҳои донишмандони қадим каргас ҳазор сол умр ба сар мебарад. Ҳар сол як адад тухм мегузорад ва аз он фақат як бача бармеорад.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшташро бихӯранд, чингок шудани аъзоро дафъ мекунад.
Хун ва заҳраашро бо об даромехта, ҳафт маротиба ба чашм кашанд ва молидани он ба атрофи чашм, гули чашм ва фуромадани зардобро дар гавҳараки чашм дафъ мекунад, торикии чашм ва кӯтури онро ба ибро меоварад.
Хоҳ заҳра ва ё майнаашро ба миқдори 0,25 грамм ба вазни санги қатрон ва равғани зайтун даромехта, дар бинӣ бирезанд, махав ва девонагиро дафъ мекунад.
Равғанашро об карда, нимгарм чанд бор дар гӯш чаконанд, қарни қадимро шифо мебахшад. Равғани онро бихӯранд, сурфаро дафъ месозад.
Гӯшташро бихӯранд, бодҳои ғализро таҳлил медиҳад, иловус ном дард ва варами рӯдаҳои борикро шифо мебахшад, гиреҳҳои баданро мекушояд, санги гурда ва ҳиҷакро майда карда мерезонад, инчунин балғамро меканад.
Зарараш: ҳамчун ғизо раддӣ, яъне бад ва аз он моддаҳои бад ҳосил мешавад — давои ин дорчинӣ ва сирко хӯрдан аст.
Тухмашро бимоланд, закаро дар се рӯз қавӣ мегардонад.
Хокистари мӯи онро бимоланд, кӯтур, хориш ва захмҳоро дафъ мекунад. Саргинашро бимоланд, доғи кунҷидакро нест менамояд ва варами шадиди гулӯро, ки дар Банғола бештар ба ҳам мерасад, дафъ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё