Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ислоҳ меёбад. Хӯрдани гӯшти ғоз барои ҷигарҳои сардмизоҷ ва дарди онҳо, ки аз сардӣ бошад, бисёр мувофиқ аст, зеро ки гӯшташ дар мизоҷ бисёр гарм аст. Барои ислоҳ кардани ин хислати бадаш баъд аз куштан се-чор соат дар замин гӯр кунанду баъд бароварда, тоза намуда бипазанд, таъми захматовараш кам мегардад.
Агар гӯшти инро мухарро пухта бихӯранд, чарбии гурдаро зиёда мегардонад, сангӣ гурда ва хичакро майда карда мерезонад, ҷои даридаи пардаҳои шикамро дар бемориҳои ҷурра (дабба) ба ҳам меоварад ва инчунин аз рӯ гузошта банданд ҳам, ҷои даридаи шикамро ба ҳам меоварад.
Сангдони он барои хӯрдан лазиз, вале дерҳазм аст, вале агар ҳазм ёбад, ғизояташ бисёр мебошад.
Ҷигараш лазизтар аз ҷигари ин қабил мурғон аст, ҳамчун ғизо ҳам аз онҳо беҳтар ва зуд аз меъда поён фуруд меояд.
Бозуҳояш хушҳазм ва ғизои хуб мебошанд.
Мағзи сарашро бимоланд, варамҳои макъадро (махраҷҳоро) таҳлил медиҳад. Агар равғанашро бимоланд, тарангу беҳаракат гаштани узвҳоро ба ибро меоварад, кузозро сиҳат мебахшад; чингак шудани узвҳои баданро, ки сабабаш зиёд шудани балғам бошад, шифо мебахшад; варамҳои сардро таҳлил медиҳад; сахтии макъадро мулоим мекунад; иллати пӯстпартоиро сиҳат мебахшад, инчунин ба ҷойҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад.
Барои чинғак шудани узвҳои бадан бихӯранд ҳам, нафъ дорад. Агар ба даруни гӯш об рафта бошад ва бо ҳеҷ як тадбир берун наояд, равғанашро чаконанд, обро берун меоварад.
Орди боқилоро бо равғани ғоз хамир карда, гузошта банданд, варами пистонро таҳлил медиҳад.
Зардаи тухмашро нимпухта бихӯранд, ақлро афзун мегардонад, қуввати ҳофизаро мустаҳкам мекунад, нисён (фаромӯшхотирӣ)-ро дафъ месозад ва сурфаи хушкро таскин медиҳад.
Тухмашро нимгарм карда, бо равғани зайтун даромехта, занҳо ба даруни фарҷи худ чаконанд, ҳайзи бандгаштан онҳоро мекушояд.
Думболаашро бо об ва намак пухта бихӯранд, дарди хичакро дафъ мекунад, сангӣ гурда ва хичакро майда карда мерезонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё