Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Пӯсти тухми онро маҳин кӯфта бихӯранд, барои исҳоли хунин давои хубест.
Саргинашро бихӯранд, сурфаи хушкро шифо мебахшад.
- Мурғобӣ
Мафҳуми калимаи «мурғобӣ» ҳамаи паранда ва мурғҳои шинокунандаро мефаҳмонад, масалан: ғоз, ӯрдак, чирак ва ғайра. Лекин мо дар ин ҷо ӯрдакро, ки фақат як қисми тоҷикон мурғобӣ меноманд, дар мадди назар дорем. Ин ба ҳама маълум аст, ки ин мурғ навъҳои аҳлӣ ва ваҳшӣ низ дорад.
Мизоҷи мурғобии аҳлӣ, яъне хонагӣ гармтар аст аз ҳамаи парандаҳои хонагӣ умуман.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшташ серғизо, дерҳазм ва бодҳоро аз бадан дур мекунад, вале бинобар бадҳазм буданаш шикамро дам менамояд. Хӯрдани бозуҳои он баданро фарбеҳ мегардонад, равғани гурдаро меафзояд, яъне гурдаро фарбеҳ мекунад; зимнан қайд намоем, ки агар гурда фарбеҳ бошад, дар он санг пайдо намешавад; қуввати боҳро зиёда месозад, вале хуни ғафс пайдо мекунад, зуд бадбӯ мешавад, дар одамони фишори хунашон баланд дарди сар меоварад; агар ҳазм гардад, дар бобати барангехтани қуввати боҳ беҳтарини гӯштҳост, моддаҳои маниро афзун месозад ва қувватҳои дигари баданро меафзояд. Агар ҷигарашро, хусусан бозуҳояшро бихӯранд, хуни солим пайдо мекунад, дилтапак (дилбозӣ)-ро фоида мебахшад, овосро соф мегардонад.
Агар гӯшташро бо намак кӯфта, гузошта банданд, озахро хушк карда меафтонад.
Равғанаш беҳтарини равғанҳост. Мизоҷаш гарм, форам, варамҳоро таҳлил медиҳад ва зуд таъсир мебахшад.
Мағзи сарашро гузошта банданд, варамҳои мақъ- адро мегардонад. Агар инро бо орди боқило хамир карда, аз рӯ бар дил гузошта банданд, тапидани дил- ро ислоҳ месозад; ба пистон гузошта банданд, варами онро таҳлил медиҳад, низ ба варамҳои дигари сард гузошта банданд, дарди онҳоро сокин мегардонад. Агар инро бихӯранд, барои бемориҳои зикрёфта фои- да дорад; сурфа, хушкии узвҳои даруни сина, дағалин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё