Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

аз меъда ва ҷигар рехтани моддаро манъ менамояд. Равғанашро батамом ҷудо карда, баъд гӯшташро бо сирко шӯрбо пухта бихӯранд, намегузорад, ки моддаҳои сафроӣ ба меъда, ҷигар ва рӯдаҳо рехта шаванд ва дар бадан паҳн гаштани онро монеъ мешавад; зардпарвин ва равон шудани сафроро дафъ мекунад ва исҳоли сафровиро банд месозад.

Чун одамони сардмизоҷ ва меъдаашон заиф инро истеъмол кардани шаванд, бояд ки онро хуб муҳарро бипазанд, бо сирко ё сир, асал ва дигар шириниҳо, ки ба ғайр аз хурмо бошанд, ҳамроҳ карда бихӯранд. Аз болои гӯшти гов ҳардал (горчица) хӯрдан бисёр хуб аст, вале аз болои гӯшти гов оби хунук нӯшидан бад аст ва фақат баъд аз холӣ шудани шикам мумкин аст об бинӯшанд.

Чун гӯшти беравғани говро бирён кунанд, он оберо, ки дар вақти бирён шудан ҷудо мешавад, гирифта, нимгарм дар гӯш чаконанд, кирми онро мекушод, агар ба сӯхтагии оташ бимоланд, намегузорад, ки обила кунад.

Зарари гӯшти говро мурч, дорчинӣ, занҷабил ва муҳарро пухтани он ислоҳ мекунад. Чун дар вақти пухтани он камтар пӯчоқи ҳарбузаро дар дег андозанд, муҳарро ва лазиз мегардад. Зарари гӯшти гӯсоларо ҳаммом кардан ва риёзат ё варзиш ислоҳ мекунад.

Каллаашро пухта бихӯранд, табро дафъ мекунад ва қуввати боҳро меафзояд. Чун пеш аз баромадани офтоб майнашро ба доғи пес бимоланд, онро аз пӯст пок месозад.

Мизоҷи шоҳаш дар дараҷаи дуввум сард ва дар саввум хушк аст. Чун шоҳи гови нарро хушк карда, бо сӯҳон тароша намуда, хусусан аз нӯгҳои он ба миқдори 4,5 грамм онро бо оби сард биёшоманд, хуни биниро манъ мекунад. Устухони биниаш ва шоҳи сӯхтаи он барои таскини дард ва ҷило додани дандонҳо фоидабахш аст. Агар 9 грамми онро бо асал бихӯранд, кирмҳои кадудонаро аз шикам дафъ менамояд. Чун ҳар рӯз 2 грамм аз шоҳи сӯхтаи он бо сиканҷабин (сиркоасал) биёшоманд, инак бо ин мудовамат намоянд, варами бузурги сипурзро таҳлил медиҳад, қуввати боҳро бармеангезад. Агар сӯхтаи инро ба решҳои хӯранда бипошанд, намегузорад, ки онҳо зиёд гарданд.

пешина
аз 702
навбатӣ