Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Ин ҳайвон маълум аст.
Мизоҷи гӯшти гови зиёда аз яксола гарм ва хушк аст, вале гармиаш аз гӯшти шутур камтар ва дар хушкӣ аз гӯшти буз хушктар аст.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшташ бадҳазм, ғализ ва аз хӯрдани он хуни ғафси савдовӣ ҳосил мешавад, бемориҳои савдовиро, монанди: саратон, маҳав, варами сипурз, филпо, даволӣ (ғафс ва барҷаста гаштани рагҳои варидии пой), доғи сафеди пӯст, кӯтур, шукуфаи пӯст, васвос, таби дурӯздармиён ва монанди инҳо пайдо мекунад; инчунин бардавом бихӯранд, ба ҳамаи буғумҳои бадан зарар дорад, иллати иркуннасоро (радикулитро) бадтар мекунад; ҳайз ва зоидани занҳоро пеш аз вақт қатъ мегардонад; иллати кӯтур ва хориши баданро ба амал меоварад; ба сабаби пайдо кардани гиреҳ ва бухори ғализи бадбӯй, ки ба дил ва майна мебарояд, бадахлокӣ меоварад. Азбаски насоро (христианҳо) ҳангоми хӯрдани гӯшти гов аз болояш май меошоманд, инак, онро ҳазм менамояд ва қувваташро низ боқӣ медорад. Вале касе, ки майхӯр нест, набояд истеъмол фармояд, бояд ки гоҳ-гоҳ давои дафъкунандаи хилти савдо истеъмол намояд, то ки баданаш аз моддаи савдови зарарнок пок шавад. Инчунин давоҳои пешоброн нанӯшад ва аз ошомидани шаробҳо, обҳои вазнии найзор ва обҳои истода худдорӣ намояд, чун сӯзиш ё тафсеро дар бадани худ эҳсос кунад, сирко бӯнушад ё ҳангоми пухтани гӯшти гов дар масолеҳи хӯрок сирко дохил намояд. Инашро ҳам бигӯем, ки сирко ба он ҳамроҳ гашта, барои пайдо шудани хилти савдо мадад мерасонад.

Таъми гӯшти гов лазиз мебошад, барои одамони бо меҳнати ҷисмонӣ ва варзиш машғулбуда, инчунин барои одамони иллати дабба (чурра) дошта мувофиқ ва форам аст, бадани онҳоро фарбеҳ ва қавӣ мегардонад, сафрои рақиқро (суюкро) қатъ мекунад, вале бадбӯкунандаи хун аст. Беҳтарини он гӯшти гӯсолаи фарбеҳи хушмизоҷ аст ва аз гӯсолаи зард бошад, боз ҳам хубтар аст. Беҳтарин вақти хӯрдани гӯшти ин ҳайвон фасли баҳор аст.

Бадтарини ин гӯшти гови пир, лоғар ва дардманд аст.
Чун аз гӯшти он бо сирко шӯрбо пухта бихӯранд,

пешина
аз 702
навбатӣ