Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
рагҳои ҷоҳои дур ва чуқури узвҳо таъсир, нуфуз ва сироят менамояду ба хилтҳо ва рутубатҳои рақики бадан даромехта, аксари онҳоро бо воситаи бухор гардонидан, рақиқ сохтан, гудохтан ва аз ҷо баркандан ва ғайраҳо дафъ мекунад, баъзеро ба таҳлил мебарад, монанди сақмуниё, ки бо кайфияти ҳарорат пайдо кардан ва сурати навъияи худ сафро ва балғамро дафъ менамояд. Ҳамчунинанд дигар давоҳои пуркуввати исхотовар: мозариюн, данд, ҳарбақ ва ғайра.
Давои мусхил (исхотовар) он аст, ки таъсираш ба давои мусхили зулҳосията монанд нест, балки дар амалиёт аз он заифтар аст ва ба ислоҳи бисёр ҳам мӯҳтоҷ намебошад, монанди сано, турбуд, навъҳои гуногуни ҳалилаҳо ва монанди инҳо, ки ҳангоми саноро бо гулисурх якҷо истеъмол кардан, турбуд ва ҳалилаҳоро бо равғани бодоми ширин чарб намудан кифоя аст, ки ислоҳ ёбанд.
Давои мулаййин (нармкунанда) он аст, ки таъсираш аз давои мусхил ҳам заифтар мебошад ва ба ахлот (хилтҳо), инчунин ба рутубати дар меъда, рӯдаҳо ва атрофи онҳо мавҷудбуда дарафтада, онҳоро аз он ҷоҳо дафъ мегардонад. Вале дар давои мулаййин, монанди давои мусхил чандон қуввате мавҷуд намебошад, монанди фулуси хиёри шанбар, шакари янток, шакари сурх, хурмои ҳиндӣ, олуи сиёҳ ва монанди инҳо; аммо ин гуна давоҳо аз қуввати поккунандагӣ холӣ нестанд. Аз ин давоҳо ҳам баъзеашон барои ислоҳ кардан мӯҳтоҷ мебошанд, масалан: фулуси хиёри шанбар, ки бояд бо равғани бодоми ширин ё равғани гулисурх чарб карда шавад барои дафъ кардани дарафтадагӣ ва часпандагии он ба сатҳи даруни рӯдаҳо, то ки онро нахарошад, захм пайдо накунад ва дарунрав нагардонад. Вале баъзе аз онҳо ба ин гуна ислоҳ мӯҳтоҷ нестанд, монанди шакари янток, олуи сиёҳ ва дигарҳо.
Бояд донист, ки ҳар як фарде аз инсон дар вақти
ҳоҷат ва зоҳир гаштани беморӣ ба одамони баланд ва
доно муроҷиат, яъне ба табибони ҳозиқ ва пухта раванд ва аз рӯи фармудан онҳо ба парҳез, истеъмоли
даво ва ғизо майл намоянд, пеши худ табобат карда,
худро ба ҳалокат нарасонанд. Ба табибон низ лозим
аст, ки ба он беморони муроҷиаткунанда камоли ҳусни
хулқ, муҳаббат ва шафқатро бедареғ харҷ намоянд,
онҳоро ба ҷои соҳибҳуқуқ, бародарон, хоҳарон, фарзандон ва неъли худ донанд, аммо аз онҳо барои муолача

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё