Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
кардани худ пул, молу мулк тамаъ нанамоянд ва барои амали худ миннат накунанд, балки ба худ миннат доранд, яъне аз расидани фоидаи худ хушҳол бошанд, ки он беморон боиси ба камол расидан воситаи мавзӯъ ва санъати худи табиб гаштаанд. Низ бояд, ки дар вақти муолаҷаи бемори маъюс-ул-илоҷ дар тахти машқи табибон ва таҷрибакорон кушта нагарданд. Ва ҳар як табиб ва таҷрибакор худро дар ин амал бадном нагардонад ва ба хатари нохостӣ роҳ надиҳанд. Ҳуллас, барои табобати бемор таваҷҷӯҳ варзидан хоҳанд, муддати кам ё беш мудаво намоянд, агар дардманд рӯ ба саломат наоварад, бояд ки бо камоли шафқат ва меҳрубонӣ аз ӯ узр хоҳанд ва бо зории бисёр бигӯянд, ки ба табиби дигар муроҷиат кунад, шояд он ба илоҷи ин беморӣ қодир бошад. Низ бояд, ки аз илм ва амали худ мағрур нагарданд ва ҳамеша хоҳандаи барор ва илоҷи бемори пешомада бошанд, инчунин ҳеҷ вақт аз барори муолаҷа умедро накананд. Дар ҳар ҳолат худро аз дигар табибон боло напиндоранд, балки камина бишуморанд, низ дигар табибонро аз худ паст надонанд ва сарзанишу таҳқир накунанд, ҳар доим аз аҳволу кирдорҳои онҳо бохабар истанд, яъне дар амалияи донистани фоида ва зарари даво ва ғизоҳо, илоҷи бемориҳо, инчунин илоҷи бемориҳо ҳамаи онҳоро мададгор ва ёвари худ донанд ва бинанд. Ин ҳама беҳтарин одоби шахсияти табиб мебошанд.
ФАСЛИ СЕЮМ.
ДАР БАЁНИ МУРАККАБ-УЛ-ҚУВО, ЗУЛХОСИЯТА ВА ТАЪСИРИ ҲАР ЯКИ ОНҲО
Маълум бод, ки қувватҳои давоҳо аз се мартаба иборатанд: Мартабаи якум ҳолати маҳсус шудани давоҳо мебошад, ки бинобар ба ҳам мушобаҳат доштани таъсири онҳо аз таркиби унсурҳои чоргона (об, оташ, бод ва хок) ва ба якдигар омезиш ёфтани онҳо иборат аст. Инро мизоҷи якум меноманд. Мартабаи дуввум феъли махсусшавии дигари ашёи соҳибмизоҷи дуюминдараҷа, яъне дарк ёфтани мизоҷи дуввум ҳангоми ба ҳам вохӯрдани чизҳои мизоҷи дуввуминдараҷа дошта, ки аз омезиши мизоҷи мартабаи якум ба амал меояд. Он чӣ ашёи дорои мизоҷи дуюминдараҷа аз чанд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё