Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТаърихИлмТиб
Аз аввал хондан

решҳоеро, ки бар бадан ва сари тифлон мебароянд, шифо мебахшад; барои заҳри мори афъӣ ва ҳазорпо тӯркӣ мебошад.

Агар маскаро гарм карда, ба милки дандони кӯдакон бимоланд, баромадани дандони онҳоро метезонад. Инчунин молидани маскаи нав шахшӯлӣ ва дағалии пӯсти баданро ислоҳ мекунад, бигузор он хоҳ нав ва хоҳ кӯҳна шуда бошад. Агар маскаро бо ҷадвор даромехта бимоланд, гиреҳҳои дар пардаҳои майна бударо мекушояд, асабҳоро мулоим мегардонад; барои ҷароҳати хичак, шукуфаи пӯст, ширинчаи хушк ва кӯтур даво мешавад, хусусан, ки аввалан баданро бо оби хунук бишӯянду баъд маскаро бимоланд ва баъд аз молидани маска бемор худро бояд дар кӯрпа ё ҷомаи пахтанок бипечонад, то ки арақ кунад, ҳамон рӯз аз иллатҳои мазкур наҷот меёбад.

Маскаи кӯҳнаро бо савринҷони кӯфтагӣ хамир карда гузошта банданд, донаи бавосирро ҷудо ва дафъ мекунад, яъне меафтонад — дар ин бобат маска чӣ қадар кӯҳнатар бошад, ҳамон қадар хубтар аст. Агар маскаи мазкурро яксаду як бор ё ҳеҷ набувад, чилу як бор дар оби сард шуста бошанд, дар амали мазкур зудтар таъсир мекунад ва инчунин барои пок гардонидани захм аз рим, ба ҳам овардани даҳани он ва рӯёнидани гӯшти солим дар онҳо даво мебошад; низ бавосир ва сӯхтагии оташро шифо мебахшад.

Вале хӯрдани маскаи бисёр сари меъдаро суст мегардонад, иштиҳоро мебандад ва агар бисёр хӯранд, дарунро меронад. Дар ин ҳолат барои ислоҳи зарари он чизҳои дарунро манъкунанда, шакар, қанди сафед ва намак бояд бихӯранд.

Миқдори як бор хӯрдан аз маскаи нав дар як рӯз то 100 грамм аст.

Агар маска ёфт нашавад, ба ҷои ин шири навдӯшидаро биҷӯшонанд, то панҷякаш бухор шуда равад, баъд бинӯшоманд, раво мебошад.

  1. Равғани зард

Инро аз шири ҳайвонот ва ҷуғрот ба амал меоваранд. Беҳтарини он равғани гов аст, ки сабуктар мебошад, баъд аз он аз они гӯсфанд, ки ин ғализтар мебошад назар ба равғани зарди говӣ.

пешина
аз 702
навбатӣ