Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Мизоҷи ҳамаи навъҳои он дар дараҷаи якум гарм ва тар аст. Харчанд ин кӯҳнатарад гардад, рутубаташ мекоҳад ва хушкӣ пайдо мекунад. Ва агар дусола шавад, мизоҷаш дар дараҷаи якум хушк мегардад.

Хислатҳои шифобахши он: равғани зард дар хислатҳои давой қавитар аз маска мебошад. Агар инро бихӯранд ва гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад, гиреҳҳои баданро мекушояд, бар зидди заҳрҳо хусусияти тарьёкӣ дорад ва намегузорад, ки таъсири заҳри мори афъӣ ба дил расад. Дар ин хусус табиб Бағдодӣ навиштааст: «Шахсеро афъии қотил газида буд, ба ғайр аз равғани кӯҳнаи гов дигар чиз ҳозир набуд ва ҳамонро ошомид, офате ба ӯ нарасид».

25 грамм равғани зардро бо 210 грамм оби анор биёшоманд, исҳоли хунинро шифо мебахшад. Агар ин равғанро бихӯранд, пӯстро мулоим, чеҳраро пок ва майнаро аз моддаҳои бегона соф месозад; узвҳои даруни синаро аз моддаҳои нодаркор пок мегардонад, баданро фарбеҳ месозад, хушкии халқ ва даруни биниро дафъ мекунад, барои сурфаи хушк, зардпарвин ва иллатҳои сипурз даво мебошад, инчунин санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад. Ин равған дар баъзеҳо дарунро сахт ва дар баъзеҳо мулоим мекунад.

Агар инро бо шакар ва бодоми талх даромехта, ба дили наҳор лесида бихӯранд, сурфаи хушки кӯҳнаро ба ибро меоварад, узвҳои даруни синаро мулоим мекунад. 25 грамми инро бо 125 грамм шакар бихӯранд, душвории шошиданро дарҳол дафъ месозад. Агар ин миқдорро бо оби гарм хӯрда, баъд қай кунанд, заҳр ва афюни хӯрдашударо дафъ мекунад.

Ин равғанро бо оби сагангур ба чашм кашанд, луққос зада дард кардани онро дафъ менамояд ва варамашро ҳам таҳлил медиҳад. Худашро танҳо бимоланд, шахшӯлии чашмро мулоим мекунад ва агар бо равғани зайтун даромехта бимоланд, кӯтури пилқҳои чашмро шифо мебахшад; агар дар гӯш чаконанд, дардашро таскин медиҳад ва дар бинӣ бирезанд, дарди гулӯро шифо мебахшад.

Равғани зардро бо оби хокистар якҷо карда, бо он таркиб хукна (клизма) кунанд, рафтани дарунро маън ва захми сатҳи даруни рӯдаҳоро дафъ мекунад.

Агар ин равғанро бо равғани мурғи хонагӣ даромехта, латта ё пахтаи покизаро дар он тар карда, занҳо аз таг бардоранд, захми бачадонро шифо мебахшад

пешина
аз 702
навбатӣ