Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Қуввати поксозандагӣ ва таҳлилдиҳандагӣ дар равғани зарди кӯҳна назар ба равғани нави ин зиёдтар аст. Таъсираш барои баданҳои миёнаҳол зиёдтар назар ба баданҳои қавӣ мебошад. Ин барои варамҳои баногӯш фоида дорад.
Агар равғани зард вайрон шуда бошад, онро ба ислоҳ оварданӣ шаванд, бо дӯғи ҷуғрот биҷӯшонанд, то ки дӯғ бухор шуда равад, вале эҳтиёт намоянд, ки равған доғ нагардад. Ё он ки онро дар оташ гузоранд, чун ба ҷӯш ояд, андак-андак орди гандум бар он бипошанд, то ки орд бисӯзад, вале равған доғ нашавад. Баъд онро соф намуда, ба истеъмол диҳанд. Агар дар равған ва маска намак андозанд, ба зудӣ вайрон намешавад.
- Мӯй
Ин аз пашм фарқ дорад. Пашм, ки ба арабӣ суф меноманд, назар ба мӯй маҳинтар ва печида мебошад. Баъзе ҷонварон ҳам мӯй доранд ва ҳам пашм, чунончӣ, бузи расмӣ дорад. Баъзе фақат пашм доранд, монандӣ: гӯсфанд ва барра. Вале инсон фақат мӯй дорад на дигар. Мурод аз мӯй гуфтан дар тиб фақат мӯйи инсон дар мадди назар дошта шудааст.
Мизоҷи мӯйи инсон сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро сӯхта бипошанд ё бо асал сиришта бимоланд, захм ва решҳоро дард наоварда хушк мекунад, барои решҳои хӯранда ва хушк кардани захмҳо даво мешавад; агар бипошанд, пухтани даҳан ва ҷӯшиши онро сиҳат месозад.
Сӯхтаи онро бо равғани зайтун ва об сиришта бимоланд, сӯхтагии оташро шифо мебахшад.
Мӯи сарро сӯхта, бо сирко соида бимоланд, озахҳоро хушк карда меафтонад ё таҳлил медиҳад, донача ва обилаҳоро дафъ мекунад, инчунин захми саги девона газидаро шифо мебахшад, бо шароб ё равғани зайтун соида ё бо об соида бимоланд, варами сарро мегардонад ва чароҳати онро сиҳат месозад.
Агар сӯхтаи инро бо мурдорсанг (римӣ сурб, ё ки ба русӣ свинцовый шлак) бимоланд, кӯтур ва хориши чашмро шифо мебахшад ва чашмро хеле қавӣ мегардонад.
Агар мӯи одамиро носӯхта ос карда, бо асал даромехта

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё