Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ва онро аз моддаҳои нодаркор пок мекунад; вале агар дар мақсад бардоранд, кафидани онро сиҳат месозад, бавосирро қатъ мекунад ва рафтани хунро аз он манъ менамояд.
Ин равғанро гарм карда, ба ҷои газидаи ҳазорпо, каҷдуми каттолтарин ва аксари ҷонварони заҳрнок, ки газида бошанд, бимоланд ё бирезанд ва ё бичаконанд, шифо мебахшад. Ин равғанро нимгарм дар гӯш чаконанд, ҳамаи он ҷонваронро, ки дар гӯш рафта бошанд, мекушод ва берун меоварад.
Равғани кӯҳнаи гов ё равғани кӯҳнаи гӯсфандро бо савриҷон даромехта бимоланд, бавосирро дафъ мекунад; агар онро батанҳои бимоланд, барои махав фоида дорад. Ин равғанро ҳафт шаб пай дар пай ба рухсора молида бихобанд, пӯсти рӯйро пок, неку ва соф мегардонад, инчунин маскаро ҳам бо чунин усул бимоланд, ҳамин гуна фоида дорад.
Ин равғанро батакрор бимоланд, варамҳоро, хусусан варами узвҳои занон ва кӯдаконро таҳлил медиҳад, пучак ва чиртакҳоро мепазонад ё мегардонад ва карахши онҳоро низ дафъ мекунад. Латта ё пахтаро ба ин равған олонда, ба даруни решҳои чуқур бигузоранд, даҳани онҳоро васеъ ва худи онҳоро аз рим пок месозад.
Чун барги ҳинои хушкро маҳин кӯфта, бехта, бо равғани зарди кӯҳна хамир сохта, ба кӯтури кӯҳна ва махав бимоланд, сиҳат мебахшад.
Чун ин равғанро бо оби хунук саду як мартаба бишӯянд ва ба кӯтури кӯҳна, бавосир ва аксари чароҳатҳо ва захмҳо бимоланд, онҳоро нест мекунад.
Равғани зардро бишӯянд, талх мегардад ва холӣ аз заҳрнокӣ намебошад, хӯрдани он ҷоиз нест.
Равғани зард барои иллатҳои ботинӣ ва рутубӣ (тар) зарар дорад, дар одамони гарммизоҷ ва касони иллатҳои сипурз дошта моддаи сафро пайдо мекунад, зеро ки зуд ба моддаи (хилти) ғолиби мавҷуда табдил меёбад; меъдаи заифро суст мегардонад ва дар одамони балғамимизоҷ узвҳои ҳозима, яъне меъда, рӯдаҳо, ҷигар ва сипурзро заиф месозад. Барои ислоҳи зарари мазкур одамони гарммизоҷ бояд туршиҳо истеъмол намоянд ва сардмизоҷон гуворишот, яъне чизҳои ширшиталми хушҳазм бихӯранд, хуб аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз равғани зард дар як рӯз то 50 грамм аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё