Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

сабаби часпандагӣ ва ғафсии қивоми худ боиси суръати омезиш ва ҳифзи давоҳо мегардад аз вайроншавӣ. Ва бинобар ширинӣ ва гуворо будани ниҳодаш, лазиз буданаш барои нест кардани ногуворӣ беҳтар аст, қуввати давоҳоро босуръат ба узвҳои тамоми бадан мерасонад, агар ҳамроҳ карда биҳӯранд ва ин фоидаҳои бисёфро соҳиб аст.

Агар инро бо мустако (мастика) биҳӯранд, рутубат ва моддаҳои нодаркори заранокро аз майна кашида дур мекунад; фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), қаҷ шудани рӯй, нотавон ва бемадор гаштани аъзо, карахтӣ ва монандӣ инҳоро, ки сабабаш ҷамъ шудани моддаҳои хунукмизоҷ бошад, шифо мебахшад; меъдаро қувват медиҳад, иштиҳоро мекушояд, бодҳо ва моддаҳои часпакро дафъ месозад; кулинҷ (колит) ва гиреҳҳои баданро мекушояд; меъда, иштиҳои таом ва боҳ (пушти камар)-ро қувват мебахшад. Агар инро бо шилми кундур биҳӯранд, узвҳои даруни синаро аз моддаҳои нодаркор ва заранок (аз ҷумла касабаи шушро низ) пок мегардонад; истиско (водянка), зардпарвин ва бемориҳои сипурзро шифо мебахшад, санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад, инчунин душвории шошидан, бодҳои гуногун, дард ва варами рӯдаҳои борик (иловус) ва заҳрҳоро дафъ мекунад. Хусусан бо оби борон даромехта биҳӯранд, ба узвҳои бадан об медавонад, боҳи сустгаштаро қувват медиҳад, пешобро меронад, захми рӯдаҳо ва ҳичакро пок менамояд; санги гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад, душвории шошиданро ислоҳ мекунад, ташнагиро таскин медиҳад. Ин таркибро хӯрда кай кунанд, меъдаро аз олоишҳо пок месозад. Бо ин таркиб ғарғара кунанд, варами мушақҳои ҷониби ҳалкум ва ғуддаҳои бодомшаклро таҳлил медиҳад, ҷароҳатҳои ком, забон, ҳалкум ва ғадудҳои бодомшаклро аз рим ва дигар моддаҳои бегона пок мекунад.

Асалро бо сирко даромехта, ба сатҳи даруни даҳан батакрор ва бардавом бимоланд ё онро дар даҳан гардонанд, милки дандонро мустаҳкам мекунад ва гӯшти солим бар он мерӯёнад агар коста бошад; инчунин дандонро дар ҷояш сахт месозад ва онро аз чирк пок намуда сафед месозад, хусусан, ки бо ангушт се-чор мартаба ҳар моҳ ба дандонҳо бимоланд, ин хислаташ зудтар зоҳир мегардад.

пешина
аз 702
навбатӣ