Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Асалро бо шибит ҷӯшонида гузошта банданд, доғи зарба ва шукуфаи пӯстро барҳам медиҳад.
Онро бо равғани гулисурх даромехта бимоланд, захмҳоеро, ки рутубаташон монанди асал аст ва дигар решҳое, ки аз бисёрии балғами ширин ба амал омада бошанд, шифо мебахшад ва баданро қавӣ мегардонад. Агар худашро танҳо бимоланд, шапуш ва ришкро нест мекунад. Агар инро ба ҷасадҳои мурда бимоланд, аз он ки ба зудӣ вайрон мешуда ва бӯи бад мегирифта бошанд, нигоҳ медорад; инчунин ба гӯштҳо ва чарбиҳо бимоланд, хосияти тару тозагии онҳоро нигоҳ медорад.
Асалро бо оби зира даромехта бихӯранд, бар зидди захри занбӯруғ, газидани саги девона даво мебошад; агар бо равғани гилисурх даромехта биёшоманд, захрҳои ҷонваронро аз бадан дафъ мекунад. Ва агар асалро хӯрда кай кунанд, азияти афюнхӯрдро ислоҳ менамояд.
Яке аз хислатҳои асал чунин аст, ки агар зан онро бо об шарбат сохта ба дили наҳор бихӯрад, агар рӯдаҳояш ба дард оянд, ҳомила аст, ва агар на, бебер мебошад.
Хуллас, асал барои одамони сардмизоҷ ва балғамимизоҷ дар замон, фасл ва маҳалҳои сард фоида дорад, вале барои одамони гарммизоҷ ва мизоҷи хушкдошта ва инчунин дар фаслҳои гармо бихӯранд, зарар мекунад, гарммизоҷонро дарди сар медиҳад. Агар онҳо бисёр бихӯранд, зуд ба ҳилти сафро, ки аз ҷиҳати мизоҷ гарм ва хушк аст, табдил меёбад, майнаи гарммизоҷро ноҷӯр месозад, кай меоварад, ба бемориҳои сафровӣ ва гарм гирифтор мекунад, ташнагии бисёр меоварад. Давои ин зарарҳояш оби анори турш, оби лиму, сирко, кашниз ва меваҳои турш ошомидан аст.
Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз асал то 68 грамм аст.
Огоҳ кунем, ки асале, ки занбӯраш ба гиёҳи талхшувок нишаста бошад, таъмаш талх мешавад ва барои бемориҳои меъда, ҷигар, кушодани гиреҳҳо ва агар занбӯраш ба гиёҳи кокутӣ нишаста бошад, онро бардавом бихӯранд, барои одамони тармизоҷон, сардмизоҷон ва бемориҳои балғамин сард фоида мебахшал.
Гуфтаанд: он асалро, ки тирамоҳӣ бошаду агар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё