Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ва беҳуширо ба амал меоварад. Ислоҳи он ҳам кай кардан ва гуворишот (давоҳои ширинтаъми ҳазмовар)-и гарммизоҷ хӯрдан аст.
- Абрешим
Ин пиллаи печидаи кирмаки дастӣ мебошад. Пилларо дар офтоб гузоранд, то кирмаки даруни он буда бимирад, инро дар тиб абрешими хом меноманд.
Мизоҷи абрешими хом дар дараҷаи якум гарм ва хушк аст, вале як қатор табибон мизоҷи инро дар тариву хушки мӯътадил медонанд.
Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани абрешими хом дилро бағоят қавӣ мегардонад, инчунин ин аз давоҳои фараҳовар ба ҳисоб меравад.
Азбаски, ба қавли як қатор табибон, мизочаш дар гармиву хушки мӯътадил аст, рутубати рӯҳиро латиф (хуш) мекунад ва ба худ мекашад. Бо ин хислаташ рӯҳро равшан ва моил ба фараҳ месозад.
Қувватбахшандагии абрешим фақат ба як рӯҳ ва ҳоли бадан хос нест, балки дар ҳама ҳолат мулоимкунандаи ҳамаи рӯҳҳо, яъне қавӣ гардондаи ҳамаи рӯҳҳои бадан аст, ҳатто рӯҳи табиро, ки қувватҳои ҷигар аст, рӯҳи нафсониро, ки қувватҳои майна аст ва рӯҳи ҳайвониро, ки рӯҳ ва қувватҳои дил аст, яъне ҷонбахши бадан низ меноманд, қавӣ мегардонад. Инчунин қуввати ҳофиза, зеҳн ва пушти камарро (боҳро) тавоноӣ мебахшад; иллати дилтапак (дилбозӣ)-ро нест мекунад; суосии меъда ва шушро ба ислоҳ меоварад, баданро фарбеҳ мекунад.
Ҳарири, яъне матои шоҳии маҳз қирмизиро ба хуни бинӣ тар карда, хушк сохта, баъд сӯхта, хокистари онро бо воситаи найча ба даруни бинӣ пуф кунанд, хуни биниро мебандад.
Аз абрешим шароб ҳам тайёр мекунанд. Ин чунин аст. Абрешими хомро бо қайчӣ махин реза мекунанду дар об мепазанд ва баъд дар он шакари сафед андохта, аз нав то қивом шуданаш меҷӯшонанд. Хӯрдани шароби абрешим гиреҳҳоро, ки дар ҳар ҷои бадан пайдо шуда бошанд, мекушояд, дилро қавӣ месозад ва ранги рухсорро неку мекунад.
Агар абрешими хомро бисӯзонанд бо вуҷуди он, ки сӯхтаи ин барои хӯрдан дар қувват бахшидан аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё