Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

чизҳое, ки ҳар якеро кайфият ва мизоҷи хос буда, ба таври гуногун таъсир кунад, онҳо мураккаб мебошанд, монанди гарм кардани баъзе ва хунук кардани баъзеи дигар. Аз муттаҳид шудани таъсири кайфиятҳои аввал кайфияти дуввумин ҳосил мегардад ва таъсири он ба асарҳои чизҳои пешина монанд нест, монандӣ рад (манъ кардан), қабз (банд кардан) ва масалан, аз ин ҷумла: тасхин (гарм кардан) ва табрид (хунук кардан). Ва ҳар чӣ мизоҷи дуввумини табиӣ дошта бошад, мураккаб-ул-қуво меноманд. Он чиз, ки дорои мизоҷи сунъӣ бошад, агар мизоҷи дуввум ба қисмҳои танҳои ӯ мувофақат кунад, он чизи мураккабро мутавофиқат-ул-қувват (қувватҳои бо ҳам мос) мегӯянд.
Агар мухолифи инҳо бошад, масалан, ҳам гарм кунад, ҳам хунук гардонад, онро мутазоддат-ул-қувват (қуввати зиддиятнокдошта) мегӯянд. Ҳар як даворо агар ба он ҳеҷ як монеа набошад, дар ҷои муносибаш истеъмол менамоянд. Мартабаи севвум аз ҳамон мартабаҳои якум ва дуввум таркиб меёбад, ки бо воситаи феълҳои сурати навъия зоҳир мешавад, монандӣ хаҷар-ул-яҳуд (санги яҳудӣ) дар амали реза кардани сангҳои гурда ва ҳиҷак (пешобдон), ки ин таъсир аз кайфияти мизоҷи ин даво сурат мегирад, ки он ахлотро пора-пора мегардонад. Ва хусусияти таъсири давои устуҳудус ба майна бошад, аз гармии хоси мизоҷи он ба амал меояд, ки ахлоти дар майна бударо бо сурати навъияти худ рақиқ (суюк) мегардонад. Инчунин тарйёк ҳам заҳрро бо ҳамин таъсир аз бадан дафъ мекунад бо мизоҷи дуввумин ва бо воситаи сурати навъияи худ ин амал ба судур мерасад.

Маълум бод, бинобар қавл ва тариқи Абуалӣ ибни Сино, ки ӯ пешвои ҳакимон аст ва дигарон ба он, ки пойдорӣ суратҳои унсурия аз мураккабот иборат мебошанд, қоиланд, ки мартабаҳои қувватҳо чор намуд доранд. Онҳо равшан гардониданд, ки мизоҷи аввалӣ аз кайфиятҳои ба унсурҳо ва аз он, ки бо ҳам соида мешаванд, ҳосил мегардад. Таъсири аввалии онҳо мартабаи якум аз мартабаҳо мебошад, ҳамчунин таъсири мизоҷи дуввумин низ дигар аст, монандӣ шир, ки аз обият, равған ва панир таркиб ёфтааст. Яъне шир аз мартабаҳо бо мартабаи дигари худ таъсир мекунад ва ба ин қиёс карда мешавад, сурати навъии таркибиро асараш аз таъсирҳои зикрёфта дигархела мебошад.
Таъсири қисмҳои чизҳои мураккабро, ки феъл надошта

пешина
аз 702
навбатӣ