Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

мардиро ба ҳаракат меоварад, агар ахлоти манӣ шах шуда бошад, мегудозад ва агар рақиқ (суюқ) бошад, ғафс мегардонад; баданро фарбеҳ мекунад.

Кафки даҳани онро ҳангоми мастии он бошад,
биёшоманд, девона мекунад.

Оби пудинаро дар бинии шутур бичаконанд, мастиаш барҳам меравад.

Шири шутурро бинӯшанд, барои истиско дору мебошад, хусусан бо пешоби он якҷо карда бинӯшанд, таъсираш қавитар мегардад. Агар пешобашро батанҳоӣ биёшоманд, низ ин иллатро ба ибро меоварад, пешобро башиддат меронад, зардобро аз бадан дафъ мекунад; барои сурфа, зуком, варами ҷигар, истиско, зардпарвин, кушодани гиреҳҳои ҷигар даво мешавад; боҳро қувват мебахшад ва мастиро ба зудӣ дафъ мекунад. Агар онро бибӯянд, бастагии сӯрохи биниро мекушояд, хашмро дур месозад. Агар ин пешобро гарм карда, дар гӯш чаконанд, дарди онро таскин медиҳад ва гаронии гӯшро дафъ мекунад.

Пешоби шутурро бо ҳазориспанд якҷо ҷӯшонида, кам-кам ва бардавом бирезанд, никрисро, ки дард ва варами ангуштони дасту поҳо мебошад, фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ)-ро шифо мебахшад, узви карахтро ба ҳис меоварад ва варамҳоро таҳлил медиҳад.

Пашми маҳини шутурро ос карда бипӯшанд, захмҳоро пок намуда ва даҳани онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мекунад. Агар инро сӯхта бипӯшанд, хуни чароҳатро манъ месозад; агар ин сӯхтаро дар бинӣ бирезанд, хуни биниро мебандад. Мӯи шутурро ба рони чап бубанданд, беихтиёр равон шудани пешобро ислоҳ мекунад.

Канаи шутурро ба остини каси ошиқ бибанданд,
ишқаш барҳам мехӯрад.

Чун гандумро ба арақи шутур тар карда, ба ҳар як паранда ва мурғ бихӯронанд, беҳуш мегардад ва агар ба кафки даҳанаш тар карда бидиҳанд ҳам, ҳамин гуна асар дорад.

Гӯшташ душворҳазм, инчунин дар ҷигар ҳам носара ҳазм меёбад, вазнин ва аз хӯрдани он хуни савдовӣ ҳосил мегардад. Дар ин маврид агар онро бо намак ва шибит муҳарро пухта, бо равғани зайтун ҷӯшонида, мурч ва зираи сиёҳ дохил карда, бо каме
ҳардал (горчица) бихӯранд, хислатҳои бадаш ислоҳ

пешина
аз 702
навбатӣ