Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

дарунро мебандад; барои иллатҳои фаромӯшхотирӣ, сурфаи кӯҳна ва душвор пешоб кардан дармон мешавад.

Кӯфтан онро бо решаи тару тозаи сиреш хамир карда, гузошта банданд, ҷои даридаи шикамро дар бемориҳои ҷурра, сиҳат мекунад. Чун самари онро кӯфта, бо анҷир хамир карда, монандӣ шамъҷаи борик сохта, дар бинӣ гузоранд, гӯшти зоиди дар даруни бинӣ пайдошударо мехӯрад.

Самари онро дар об ҷӯшонида, дар он об то ноф даромада нишинанд, мақъади (кӯтани) баромадаро ба ҷояш мебарад ва он дигар барнамеояд, инчунин равон шудани рутубати бисёрро аз бачадон манъ месозад.

Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз самари сарв то 2 грамм аст.

Вале хӯрдани самари сарв боиси зардии рухсора мегардад ва дар маҷроҳои бадан гиреҳ пайдо мекунад. Ин зиёнаш асал ё равғани бодом бихӯранд, ислоҳ меёбад.

Агар самари сарв ёфт нашавад, ба ҷои он решаи анор ва якуним вазни он самари арҷаро истеъмол кунанд, равост.

  1. Бангидевона

Ин растании маълум аст, аслан ду навъ мешавад: якеро гулаш сафед ва ба шакли қиф аст, дигареро гулаш таҳ бар таҳ, баргаш ва пояаш — ҳама ранги бунафш доранд. Самараш дар бузургӣ ба андозаи чормағз аст ва чун самари беданҷир хорнок мебошад. Дар даруни он тухмҳои бисёри ба миқдори мурч, вале тираранг ҷойгир ҳастанд.

Мизоҷаш дар дараҷаи чорум сард ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: барг, пӯсти самар ва тухми онро кӯфта гузошта банданд, дарди сари кӯҳнаро, ки аз бисёр ҷамъ шудани сафро ва баланд гаштани фишори хун ҳодис шуда бошад, таскин медиҳад; тафсҳои узвҳои гуногунро паст менишонад, варамҳоро таҳлил медиҳад.

Барги онро кӯфта гузошта банданд ё равғани тухмашро бимоланд, бавосир ва дардҳои гарми мақъадро дафъ мекунад.

пешина
аз 702
навбатӣ