Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
дар бинӣ чаконанд ва баъд аз як соат равғани бунафшаро аз болои он дар бинӣ бикашанд, дарди сари кӯҳнаро дафъ мекунад.
Аз янток равған ҳам тартиб медиҳанд, ин тавр аст. Оби барги тари онро дар зарфе андохта, аз болояш баробари оби барг равғани зайтун андохта, бо оташи мулоим меҷӯшонанд, то он ки об батамом бухор шаваду равған бимонад. Ин равғани янток ҳисоб меёбад.
Ин равғанро бихӯранд ё бимоланд, барои дардҳои буғумҳо ва ҳамаи иллатҳои аз сардӣ баамаломада дармон мешавад.
Гулашро кӯфта, гузошта банданд, бавосирро хушк мекунад.
- Испанд
Ин растанӣ дар маҳалҳои Шарқ ва аз ҷумла дар Осиёи Миёна машҳур аст, ки ҳазориспанд низ мено-манд.
Инро аз бехаш ҷудо намуда хушк карда бигиранд, қувваташ то чор сол боқӣ мемонад.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва дар дуввум хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: истеъмоли испанд узвҳои даруни сина ва шушро аз рутубатҳои часпак пок мекунад, бодҳои рӯдаҳоро пароканда месозад, моддаҳои ғафсгаштаро таҳлил медиҳад, ба одамони сардмизоҷ қуввати боҳ мебахшад, баданро фарбеҳ меку-над; пешоб, шир ва ҳайзро равон менамояд, моддаи савдо ва балғами ғафсро бо исҳол дафъ мегардонад, кирмҳои кадудонаро аз рӯдаҳо дафъ мекунад.
Испандро кӯфта бихӯранд, барои иллатҳои саръ (припадка), фолич (шал шудани нимаи бадан ба да-розӣ), девонагӣ, фаромӯшхотирӣ ва дигар бемориҳои сардмизоҷи вобаста ба мағзи сар ва асабҳо даво ме-шавад; узвҳои майна ва узвҳои дигари баданро гарм мекунад; истиско (водянка), зардпарвин, гиреҳҳо, қу-линҷ (колит) ва иркуннасоро (радикулитро) дафъ ме-намояд.
300 грамм испанди хушкро дар ду литр оби ширин як шабонарӯз тар карда, баъд он обро соф намуда, аз он ҳар рӯз 100 грамм бинӯшанд, моддаҳои савдо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё