Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

об тар карда, он обро бисӯшоманд, бухорҳои аз мета болобарояндаро манъ мекунад. Инро, яъне омуларо махин кӯфта, бо об хамир карда, ба пешонӣ гузошта банданд, хуни биниро қатъ мекунад.

7 граммашро нимкӯфта як шабонарӯз дар об тар карда, баъд он обро соф намуда, дар чашм чаконанд, гули чашмро нест мекунад (хусусан дар ҳар ду-се соат омулаи таршударо фишурда партоянду омулаи дигар тар кунанд, он обро то се мартаба бичаконанд, таъсираш зиёда мегардад). Омуларо маҳин ос карда, бо ҳамвазни он шакар даромехта, бо андак равғани бодоми ширин чарб намуда, 17-18 грамми онро бо оби нимгарм ба дили наҳор бихӯранд, беқувватии чашмро ислоҳ мекунад ва онро равшан месозад, инчунин барои харошида шудани сатҳи даруни рӯдаҳо даво мешавад. Омуларо кӯфта, бо ҳамвазни он зираи сиёҳ даромехта, бо асал хамир карда, лесида бихӯранд, дар вақти хоб ба чоғах шошиданро дафъ мекунад. Омуларо як шабонарӯз дар об тар карда, бо кашнизи хушки нимкӯфта якҷо бихӯранд, исҳоли кӯҳна, тафси меъда, сӯзиши мақъад ва сӯзокро дафъ мекунад.

Чун хинои хушкро кӯфта, бо обе, ки дар он омула як шабонарӯз тар карда шуда бошад, хамир карда, ба мӯй бимоланд, онро сиёҳ мекунад.

Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз омула аз 10,5 то 17,5 грамм аст. Агар инро дар об ҷӯш дода, он обро нӯшиданӣ бошанд, то 35 грамми онро дар об ҷӯшонанд.

Ошомидани омула ба сипурз зарар дорад. Дар ин маврид асал бихӯранд, зарараш ислоҳ меёбад. Инчунин омула бинобар зиёда будани тунчиаш иллати кулиниро пайдо мекунад, дар ин ҳолат равғани бодоми ширин хӯрдан даркор аст, ки ислоҳи зарар намояд.

  1. Балила

Ин самари дарахти ҳиндӣ, кулӯлаи андак нӯгдор, калонтар аз мозу, пӯсташ зарди гӯё гардолуд ва нозуктар аз пӯсти ҳалила аст. Дар тиб пӯсти ҳамин самар истеъмол мешавад.

Миҷаш дар дараҷаи якум сард ва дар дуввум
хушк аст.

пешина
аз 702
навбатӣ