Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
маерид сиканҷабин ё кӯкнор бихӯранд, ба зарар ислоҳ мебахшанд.
Инро бояд таъкид кунем, ки аз болои нахӯд оби хунук нӯшидан бисёр зарарнок аст.
- Ҳино
Ин растанӣ маълум ва машҳур аст. Қадаш то 60— 90 сантиметр мехезад, вале дар ноҳияҳои Ҳиндустон то барсбари ду қадди одам баланд мешавад. Пояаш сурх, баргаш монандӣ барги анор аст, вале нозуктар ва хурдтар аз он, инчунин мулоимтар аз барги анор мебошад.
Мизоҷаш мураккабқувват, моил ба сардӣ ва дар дараҷаи дуввум хушк аст. Ва ба қавли баъзе табибон дар дараҷаи якум гарм аст.
Хислатҳои шифобахши он: як миқдор ҳинои тар ва ҳамчун миқдор барги чормағзро бигиранд. Аввал барги чормағзро кӯфта, баъд ҳар дуро якҷо кӯфта гузошта банданд, байза ном дарди тамоми сарро, ки азияти муттасил мебошад, шифо мебахшад; инчунин дарди нимсарро низ дафъ мекунад ва дарди сарро, ки сабабаш ҷамъ шудани бодҳо ва балғам дар сар бошад, ба ибро меоварад. Ва агар барги ҳиноро кӯфта, бо сирко сиришта, ба пешонӣ гузошта банданд, дарди сарро дафъ мекунад; бо зифт (қатрон) ва равғани гулисурх ҳамроҳ карда гузошта банданд, захмҳои сарро шифо мебахшад. Ва агар бо қатрон ва равғани зайтун сиришта, ба сар гузошта банданд, мӯй мерӯёнад; бо оби кашниз сиришта, ба чаккаҳои сар гузошта банданд, рехтани моддаҳои бегонаро ба чашм манъ мекунад.
Ҳиноро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, решҳои даҳан ва ҷӯшиши (пухтани) даруни даҳаки кӯдаконро шифо мебахшад. Ҳиноро кӯфта, бар кафи обиладори пой гузошта банданд, хусусан бо он андак гули маҳсар ва заъфарон илова карда бошанд, таъсираш зӯртар мегардад дар дармон гаштан; агар ба чашм бибанданд, баромадани обиларо дар он монеъ мешавад.
Дар тамоми халқҳои ҷануб ва шарқии қитъаи Осиё
анъана шудааст, ки ҳино дарди сарро дафъ мекунад,
нури чашмро афзун мегардонад, боҳро қувват мебахд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ