Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

ва растаниҳои дигари сардмизоҷ бихӯранд, ислоҳи зарари он менамояд.

Мизоҷи тухмаш гармтар ва хушктар аз гиёҳи он аст. Хӯрдани ин қуввати боҳ мебахшад ва поккунандаи пӯст мебошад. Агар инро кӯфта, бо об хамир карда бимоланд, чирк ва доғҳои кунҷидаки рӯйро дафъ мекунад.

Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз тухми ин то 10,5 грамм аст. Вале хӯрданаш дар пӯсти бадан кӯтур пайдо мекунад — дар ин ҳолат катиро бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд; ба узвҳои даруни сина ҳам зиён дорад — дар ин мавриди каллақанд бояд хӯрд, ки дафъи зарар кунад.

Яке аз хусусиятҳои он чунон аст, ки барг ва решаи онро бар рони чапи зан бибанданд, зоиданро осон ва сабук мегардонад. Бояд ки баъд аз зондан зуд кушода партоянд.

Муаллифи китоби «Дастур-ул-атиббо» навиштааст, ки чун решаи себаргаи сафедро дар соя хушк карда, баъд онро дар об ё дар гулоб бисоянду дар чашм кашанд, мӯи мижаҳои рехтаро аз нав мерӯёнад, обрави ва кӯтури чашмро дафъ месозад.

Чун ин оби барги тару тозаи онро гирифта, дар 32 грамм обаш 132 грамм шири гов андохта бихӯранд, пешоби бандшударо мекушояд. Агар решаи онро ба миқдори мурч бо як дона мурч ба хӯрданаш оғоз намуда, ҳар рӯз ба миқдори як дона мурч аз реша зиёд карда ва мурчро ҳам якдонагӣ афзуда, то чил рӯз ва рӯзи чилум чил баробари мурч ва бо чил дона мурч бихӯранд ва аз рӯзи чилум якмиқдорӣ решаро ба андозан як мурч ва мурчро низ якдонагӣ кам карда, — дар рӯзи ҳаштодум боз решаро ба миқдори донаи мурч ва мурчро ба як дона биёваранду бихӯранд, ҳамаи бемориҳои аз хунукӣ ва тарӣ сарзада, табҳои балғамии кӯҳнашуда, фуромадани об дар хояҳо ва похо ва инчунин ба чоҳои дигар фурудомада дарднок бошад, барои ҳамааш дармон мешавад.

  1. Гандум

Ин растании зироатӣ ба ҳама маълум аст. Дар тиб аксар дони он истеъмол мешавад. Беҳтарини он гандуми нави пурраи сафеди моил ба зардии он аст ва баъд аз он сафедаш мебошад.

пешина
аз 702
навбатӣ