Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар хушкиву тари мӯътадил аст, вале гандуми нави хушкнашудаи он, яъне дулмули он дар дараҷаи якум тар аст. Хислатҳои шифобахши он: ин беҳтарини хӯрокҳо мебошад, ғизояташ бисёр, баданро фарбеҳ мегардонад, вале ба касоне, ки дар рагҳо ва узвҳои дохилиашон гиреҳҳо пайдо шуда бошанд, зарарнок аст, инчунин ба занони ҳомила ҳам зиён дорад.

Гандуми пухтагӣ дерҳазм ва пайдокунандаи бод аст ва барои осон кардани ҳазмаш бояд бо шириниҳо бихӯранд. Агар аз болои гандуми хом ва норасида об биёшоманд, иллати кулинҷи бодиро пайдо мекунад.

Гандумро хоида гузошта банданд, пучак ва чиртакҳоро мепазонад, зеро ин хислати гарм кардани пӯстро дорад. Инчунин гандуми бирёнкарда ҳам дерҳазм ва бодангез мебошад. Гандумро сӯхта, ос карда, бо муми занбӯри асал ва равған сиришта гузошта банданд, рухсораро пок мекунад. Бо орди сафеди гандум, ки он андак сабӯс дошта ва хамираш хеста бошад, нон аз он бипазанду бихӯранд, серғизо мешавад, баданро фарбеҳ мекунад, қуввати боҳ мебахшад. Нони фатир ё ордаш бисёр маҳин ва дар он мутлақан сабӯс набурад ва ҳамчунин гандумаш шустагӣ бошад, нон пухта бихӯранд, ба душворӣ ҳазм мегардад, дарунро сахт мекунад, дар узвҳои бадан гиреҳ пайдо менамояд. Дар ин ҳолат набот, анҷир ва меваҳои гуногуни пухтагӣ истеъмол намоянд, зарари мазкураш ислоҳ меёбад.

Агар орди гандумро бо шакар ва бодом пухта, лесида бихӯранд, сурфа, хун қай кардан, дарди узвҳои даруни сина ва гурдаро шифо мебахшад, баданро фарбеҳ мекунад, боҳро қувват медиҳад.

Аз орди гандум бо об ва наъноъ ва равғани тоза нишоиста пухта бихӯранд, дағалӣ ва дуруштии узвҳои даруни синаро ислоҳ мекунад.

Орди гандумро бо об ва равғани зайтун пухта гузошта банданд, варамҳои гармро таҳлил медиҳад ва агар бо оби пиёз пухта гузошта банданд, варамҳои хунукро мегардонад, пучакҳоро мепазонад; бо оби кашниз пухта гузошта банданд, варамҳои гарм, ханозер ва ғадудҳоро таҳлил медиҳад.

Орди гандумро бо сиканҷабин хамир карда бимоланд, рихинакҳои чеҳраро дафъ мекунад; бо оби гиёҳи банг (кирмрезонак) хамир карда бимоланд, рехтани

пешина
аз 702
навбатӣ