Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
моддаҳои нодаркор ва зарарнокро ба асабҳо манъ мекунад, пурбодшавии рӯдаҳоро барҳам медиҳад. Орди гандуми сурхро бо шароб ё бо сирко хамир сохта бимоланд, энёни заҳри ҷонваронро мешиканад.
Орди гандумро ба мавзеи газидагии саги девона бипошанд ва аз болои он барги беданҷир банданд, таъсираш пуркувват мешавад. Агар хамири орди гандумро ба ҷои газидан саг чанд соат бибанданд ва баъд онро гирифта, назди саг партоянд, агар саг онро нахӯрад, маълум мешавад, ки саги газида девона будааст.
Нишонстан орди гандумро бо арпабодиён хамир карда бихӯранд, шири занонро зиёда мегардонад.
Аз гандум равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Даруни колбаро то гулӯгоҳаш аз гандум пур менамоянд. Дар гулӯи колба лиф ҷо мекунанд. Баъд ба колба аз рӯ гили бӯта ё гили ҳикмат мемоланд. Табаки фулуззиро аз миёнаш, барои ҷо гиронидани гулӯи колба, сӯрох мекунанду колбаро сарозер ба он сӯрох мегузоранд. Табакро дар болои ду хишти пухта ҷо дода, ба поён зарферо мемонанд. Баъд ангишт ба атроф ва болои колба рехта, онро оташ медиҳанд. Аз таъсири тафси оташ равған аз гандум ҷудо шуда, дар лиф софшаванда поин мечакад. Ин равғанро бимоланд, ширинча ва шукуфаи пӯст, доғҳои кунҷидак ва сабӯсаки сарро дафъ мекунад.
- Тугмачагул
Ин гиёҳест, ки тоҷикон қалагочкулча ва мӯбофак низ меноманд.
Барғаш гирдак, гулаш сурхи моил ба бунафшӣ, тухмаш монандӣ тугмача гирдаки паҳн аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва тар аст, вале ба қавли баъзеҳо дар дараҷаи дуввум мебошад.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, дарупро мулоим мекунад, моддаҳои нодаркор ва зарарнокро пазонида, барои дафъ шудан муҳайё месозад, варамҳои дохилиро рад менамояд, гиреҳҳои ҷигарро мекушояд, пешобро меронад, шири занонро зиёда мегардонад.
Барғашро хонда, бо намак даромехта, ба чашм гузошта банданд, носури чашмро пок мегардонад, агар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо