Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ҳамаи равганашро биситонанд. Агар пеш аз кӯфтан тухмашро панҷ-шаш соат дар об тар кунанд, баъд фишурда равганашро бигиранд, инчунин беҳтар мешавад агар дар ин амал зарфи мисини қалъагӣ давонда-гиро ба кор баранду он зарфро ба рӯи оташ молида гарм карда, камтар набот дохил намуда, бифишоранд, равған бештар ва беҳтар бармеояд.
Равғани ҳардалро биёшоманд, гиреҳи асабҳоро мекушояд, нисёнро (фаромӯшхотириро) дафъ мекунад; фолич, дардҳои сарди кӯҳна, табҳои кӯҳна ва бӯғма (хафа) шудани бачадонро ба ибро меоваранд. Агар нимгарм дар гӯш чаконанд, гаронии гӯшро ислоҳ мекунад, инчунин варами гӯшро, ки сабабаш хунукӣ бошад, таҳлил медиҳад. Агар бимоланд, барои дарди дандон, бӯғма шудани бачадон дармон мешавад, дардҳои кӯҳнаро таскин медиҳад, инчунин варамҳои сахт ва дигар варамҳои сардмизоҷро мегардонад.
Миқдори як бор хӯрдан аз равғани ҳардал дар як рӯз то 10,5 грамм аст.
- Беданҷир
Ин растанӣ ду навъ аст: сафедгул ва гулаш сурхи моил ба бунафш. Навъи дуввумаш дар давогӣ қавитар аст. Барғаш монандӣ барги анҷир, вале гӯшаҳои барги он баландтар аст нисбат ба барги анҷир, қадаш аз 1,5 метр то 2,5 метр мехезад. Решааш монанди най — миёнхолӣ. Самараш хорнок дар хӯша, тухми донаҳояш гирдак ба андозаи донаи қаҳва, магзаш са-феди серравған аст.
Мизоҷаш дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: ин растанӣ барои мулоим кардани асаб, равонидани дарун, моддаҳои нодаркори сардмизоҷ, пок гардонидани даруни рагҳо, қувват бахшидан ба аъзо, барои дарди сар, фолич, қаҷ шудани рӯй, ларзак, бемориҳои сардмизоҷ, зиқ-ун-нафас (бронхиальная астма), сурфаи хунук, таҳлил додани варами рӯдаҳои ғафс ва бодҳои ғализ, мулоим намудани сахтиҳо, дарди пушт ва ҳичак, истиско даво мешавад, хусусан мағзи тухми он, ки қуввати исҳоловариаш зиёда аст, инчунин барои равон кардани ҳайз ва берун овардани ҳамроҳаки (ёраки) тифл нафъ дорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо