Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
Чун даҳ адад мағзи тухми онро соида, бо шаҳлоб (асалоб) биёшоманд, балғам ва рутубати обшаклро бо исҳол дафъ мекунад, маҷроҳои ҳаракати моддаҳоро васеъ мегардонад то он, ки моддаҳои бегона гузашта дафъ гарданд, вале иштиҳоро мебандад, ғамгин мекунад, дилро беҷо (беҳузур) месозад, ҳатто кай меоварад. Ин қабил зарарҳояш бо хӯрдани катиро, наъноз ва мустако ислоҳ меёбад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухмаш аз 5 то 10 адад мебошад, вале бояд, ки аз пӯсташ пок карда бихӯранд. Агар 20 адад аз ин бихӯранд, бениҳоят маст мекунад. Давои ислоҳи ин ревоҷ ва оби анор ошомидан аст.
Мағзи тухмашро кӯфта гузошта банданд, озахҳоро хушк ва доғи кунҷидакро дафъ мекунад: варамҳои балғамиро таҳлил медиҳад ва узвҳои сахтгаштаро нарм месозад, никрис (подагра) ва дарди буғумҳоро таскин медиҳад. Кӯфтаи инро бо сирко хамир карда гузошта банданд, варами пистонро таҳлил медиҳад ва сурхбодро шифо мебахшад.
Барғаш дар бобати исҳол овардан заифтар аз тухмаш мебошад, вале бар зидди заҳрҳо таръиқияти он афзун аст. Оби барғи тару тозаашро такрор батакрор бинӯшанду кай кунанд, заҳрҳои хунуқмизоҷ ва заҳри қаттолтарикро, ки биш мемонанд, аз бадан дафъ месозад, инчунин каси афюнхӯрда ҳам наҷот меёбад.
Барғи тарашро кӯфта, бо орди ҷав хамир карда, гузошта банданд, варамҳои гарми чашм, варами зери гулӯ ва ҷоҳои дигари дури баданро таҳлил медиҳад.
9 грамм оби барғи тару тозаашро бо шири навдӯшида биёшоманд, дарди дилро, ки аз сардӣ бошад, таскин медиҳад.
Пӯсти решаашро хушк карда кӯфта бихӯранд узвҳои чингакшударо кушода мегардонад, сахтиҳои баданро мулоим мегардонад, дарди гӯшро таскин медиҳад, даҳани басташудан бачадонро мекушояд ва бачадони чаппагаштаро ба ҳоли асланаш меоварад; кӯтури решгаштаро, решҳои тари сар ва варами меъдаро дафъ мекунад, инчунин доғи кабуди пӯстро барҳам медиҳад. Агар инро бо пиёзи гандано якҷо карда бихӯранд ва гузошта банданд, бавосирро нест мекунад.
Пӯсти решаи онро дар зарфи мис андохта ба оташ гузоранд ва болои онро бо зарфи мисин бипӯшанд, то он, ки хуб битафсад. Ба ҳар як 4,5 грамм пӯсти реша

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо