Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан
  1. Кӯкнор

Ин растанӣ ба ҳама маълум аст, ки навъҳои бӯстонӣ ва саҳроӣ дорад.

Мизоҷи пӯсти кӯзаи он дар дараҷаи дуввум сард ва дар якум хушк аст ва афюнаш нагирифтаи он қавитар аз афюнаш гирифташудаи он мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: пӯсти кӯзаашро бихӯранд, карахт мекунад; маҷроҳоеро, ки моддаҳои даркори бадан бо воситаи онҳо ҳаракат мекунанд, танг гардонида, ҷараёни онҳоро манъ месозад ва дар бадан гиреҳҳо пайдо мекунад (аз ҷумла дар мағзи сар ҳам).

2 грамм пӯсти кӯзаи кӯкнорро пагоҳӣ ба дили нахор ва ҳамон миқдор бегоҳӣ пеш аз хоб бо оби хунук бихӯранд, исҳоли хунин ва сафровиро банд мекунад; тафси меъда, рӯдаҳо ва сӯзиши ҳичакро шифо мебахшад.

Агар инро кӯфта, ба пешонӣ гузошта банданд, барои дарди сар дору мешавад; бо ҳулба даромехта, дар гулоб ҷӯшонида, дар ибтидои дарди чашм гузошта банданд, дардашро таскин дода, иллати онро ислоҳ месозад ва моддаҳои аз сар ба аъзо рехташавандаро манъ мекунад.

Кӯкнорро бихӯранд, сурфаи гарм ва сурфаи тари рутубати рақиқнок (суюқнок)-ро ба ибро меоварад — ин фоидааш бинобар сард, ғафс ва шах гардонидани моддаҳо мебошад. Агар инро бо шароби мозу бихӯранд, исҳоли кӯҳнаро мебандад.

Мизоҷи оби он сард ва моил ба рутубат аст. Таъсираш аз тухмаш қавитар мебошад. Инро бардавом бихӯранд, пай, рагҳо ва маҷроҳои баданро суст мегардонад, боҳро қатъ месозад ба дараҷае, ки марди солим ҳез мегардад, узвҳои ҳозима ва иштиҳоро аз амал бозмедорад, фаромӯшхотириро ба амал меоварад, хунро мурдор мегардонад, ҳарорати табиии баданро ноҷӯр ва парешон менамояд, вале дардҳои аз гармӣ ва хушкӣ ходисшударо таскин медиҳад; гӯё як андоза ишқот меоварда бошад, ҳисро дигар мекунад ва ба шуши сардмизоҷон зарар дорад. Барои дафъ кардани ин зарараш шакар ва асал бихӯранд, кифоя аст.

Миқдори як бор хӯрдан аз оби он дар як рӯз аз 4,5 то 6,5 грамм аст.

пешина
аз 702
навбатӣ