Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

Мизоҷи тухми кӯқнор дар дараҷаи дуввум сард ва дар якум тар аст.
Инро ҳам бихӯранд, караҳтӣ ва хоб меоварад, моддаҳои рақики сафровиро пазонида, барои дафъ гаштан тайёр месозад ва дарунро шах мекунад. Агар 35 грамм аз он бо шакар бихӯранд, барои дағалии узвҳои даруни сина ва қасабаи шуш, сурфаи гарми хушк, хун қай кардан ва таби дик (лоғаркунанда) дармон мешавад; майнаро қувват мебахшад, сустии гурда ва ҷигарро ислоҳ мекунад, баданро фарбеҳ мегардонад, сӯзиш ва бемориҳои гарми ҳиҷакро шифо мебахшад; бо баробари он мағзи бодоми ширин бардавом бихӯранд, хуни солим пайдо мекунад, лоғарии баданро барҳам медиҳад (хусусан дар ин амр тухми кӯқнорро то бӯяш баромадан тафсонида бошанд, таъсираш зиёдтар аст); бо асал бихӯранд, қуввати боҳро меафзояд, вале агар бо ин усул бардавом бихӯранд, боҳро қатъ мекунад. Тухми кӯқнорро тафсонида, бӯи онро ба машом кашанд, беҳобиро дафъ мекунад. Аз тухми будодан кӯқнор аз 7 то 17,5 грамм бихӯранд, сахт хоб меоварад.

Равғани тухмаш дар хислат заифтар аст аз худи тухми он. Вале хӯрдани ин ҳам хоб меоварад, дар бадан гиреҳҳо пайдо мекунад.

Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз тухми он то 35 грамм аст.

Чун пӯсти кӯза ва кунгураи нав ва тозаи онро кӯфта, курсҳо сохта бихӯранд, барои сурфа, дарди узвҳои даруни сина ва сӯзок даво мешавад, шиддати ташнагиро мешиканад, пешоби хеле вақт боз бандшудаи пешобро мекушояд ва рутубатҳои баданро хушк мекунад. Бинобар ҳамин ҳамаи касоне, ки кӯқнор истеъмол мекунанд, баданашон қоқ ва камгӯшту камравған мебошад, инчунин гузошта бастани он курсҳо рутубатҳоро хушк ва аз ҳамин боис варамҳоро ҳам таҳлил медиҳад.

Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз курси он то 17,5 грамм аст.

Низ баъд аз расидан ҳамаи қисмҳои гиёҳи онро дар об ҷӯш диҳанд, хислати худи кӯқнорро молик аст, вале заифтар аз курси он аст.

Гули кӯкнорро бо оби кашниз якҷо карда, ба чашм кашанд, дард, сӯзиш ва захми онро шифо мебахшад.
Агар гули онро батанҳои гузошта банданд, доғи захм

пешина
аз 702
навбатӣ