Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

шакар бихӯранд, кифоя аст, ки ислоҳи ин зарар намояд.
Миқдори як бор хӯрдан аз ҳар қисми сафедор дар як рӯз то 4,5 грамм аст.

  1. Бедгул

Ин растаниро баргаш монандӣ барги бед аст, вале ғафстар аз он. Бинобар хотири баргаш «бедгул» ном гирифтааст. Бӯяш андак нофорам, таъмаш талх ва тез мебошад. Гулаш зебо, ду навъ аст: навъеро гулаш сурх, дигареро сафеди моил ба зардӣ.
Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст, таркибаш заҳр дорад.
Хислатҳои шифобахши он: инро фақат ба берун истеъмол мекунанд, на ба дарун. Агар ба дарун истеъмол намоянд, кушандаи инсон ва ҷонварони дигар аст.
Барги онро чун дар шароб ва анҷир ҷӯшонида, 12 грамм аз он чӣ, ки ин ҷӯшонида шуда бошад, бо маскаи гов биёшоманд, аз зарари ҷонварони заҳрнок эмин мегарданд, дар чорпоён низ ҳамин гуна асар дорад.
Баргашро пухта, кӯфта гузошта банданд, варамҳои сахтро таҳлил медиҳад, ҳатто онҳоро мегудозад; дарди кӯҳнаи пушт ва дарди зонуро таскин медиҳад; ирқуннасо (радикулит), кӯтур, хориш, доғи кунҷидак ва доғҳои дигари пӯстро дафъ мекунад.
Оби баргашро бимоланд, кӯтури пӯстро шифо мебахшад ва хориши аъзоро таскин медиҳад.
Барги хушкашро кӯфта бипошанд, захмҳоро ба ҳам оварда сиҳат мекунад. Агар инро занҳо аз таг бардоранд, дарди бачадонро дур месозад.
Оби барг ва гули онро бимоланд, рухсораро пок мегардонад, мӯйро сара мекунад.
Ҳар як қисми рӯи заминини бедгулро дар об ҷӯш дода, ин обро ба мақсадаш бипошанд, кайк ва мӯрчагони чӯбхорро мекушַд.
Оберо, ки як шабонарӯз бедгул тар карда шуда бошад, буз, гӯсфанд ва дигар ҷонварони майда биёшоманд, мекушад.
Шох ва баргашро дар равғанҳо ҷӯшонида, он равғанро бимоланд, качалӣ (кальяра) ва кӯтури ҳайвонотро дафъ мекунад.
Аз бедгул равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ.

пешина
аз 702
навбатӣ