Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

Барг ва гули онро муҳарро пухта, дар таносуби 100 грамм оби он 50 грамм равғани зайтун аз болояш андохта, бо оташи мулоим меҷӯшонанд, то он ки об тамоман бухор шуда раваду равған бимонад.

Ин равғанро бимоланд, қачалӣ дар ибтидо бошад, кӯтури решгашта, хориш, доғи пес, бемориҳои сардмизоҷ, сустии асабҳо, нотавонии узвҳо ва дардҳои пушт, дарди зонуи кӯҳна ва монанди инро дафъ мекунад.

Чун аз барги бедгул, чаккаи чуғрот, гӯгирди зард — аз ҳар се якмиқдори гирифта, кӯфта, бо равғани гӯсфанд сиришта, ба кӯтури решгашта бимоланд то ҳафт мартаба, билкулл шифо мебахшад. Аввал 4,5 грамм усораи барги бедро, яъне оби барги бедро дар офтоб ғафс гардонида, 4,5 грамми онро бо шакар биҳӯранд, баданро аз ахлоти сегона (балғам, сафро, савдо) пок мекунад. Баъд ин таркиби сегонаи мазкурро дувоздаҳ маротиба ба доғи пес бимоланд, онро дафъ мекунад.

Решаи бедгул дароз, борик, шӯртаъм, рангаш моил ба сурхӣ ва аксар сафедранг аст. Чун решаи қисми сафеди онро ба миқдори каме дар шири гови навдӯшида ҷӯшонида, маскаи онро бигиранд, баъд камтареро аз он биҳӯранд, боҳро (пушти камарро) қавӣ мегардонад ва агар ҳангоми мубошарат маниашон зуд меомада бошад, дер меомадагӣ мекунад — инро аҳли Ҳиндустон аксар истеъмол мекунанд.

Агар бедгулро дарёфт карданаш душвор гардад, барои таҳлил додани варамҳои сахт ба вазни он юнучкаи зардак (говришка)-ро истифода баранд, раво мебошад ё бобунаро ба кор баранд, мумкин аст ва инчунин баробари сеяки он барги анҷир низ ҷои онро мегирад.

Решаи бедгул ҳангоми истеъмоли он ба дарун ба шуш зарар дорад. Дар ин ҳолат асал бояд хӯрд, ки ислоҳи зарари он намояд.

Миқдори як бор хӯрдан аз решаи бедгул дар як рӯз аз 1,75 то 3,5 грамм аст.

Барг ва гули онро хоҳ пухта биҳӯранд ва хоҳ хом соида, кушанда аст бо гирифтор кардани дарди шадиди гулӯ, тафси бадан, андӯҳ, ташнагӣ, пурбод гардонидани шикам, берун баромадани саққои чашм ва сурх шудани он. Дар ин ҳолат кай кардан, ҳукна (клизма), хӯрдани обгӯшти хунукшуда, дӯғ, равғани бодоми ширини сардкарда, хӯрдани анҷир бо каме асал ва хурмои бузургдона даво мешавад.

пешина
аз 702
навбатӣ