Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

ширин, дароз мешавад. Қувваташ то чор сол боқӣ мемонад.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва дар дуввум тар аст.
Хислатҳои шифобахши он: решаашро биҳӯранд, қуввати боҳ мебахшад, гиреҳҳои баданро мекушояд, балғамро меканад ва пароканда мекунад, пуштро қавӣ, ҷигар, гурда ва меъдаро гарм мегардонад.
Вале хӯрдани беҳрешаш ин ба иштиҳо зарар дорад, дарди сар медиҳад. Дар ин ҳолат асал биҳӯранд, зарараш ислоҳ мегардад.
Беҳрешаи инро бо асал мураббо тайёр карда биҳӯранд, ҳамаи арвоҳро, ки иборат аз рӯҳи нафсонӣ аст ва маконаш дар майна мебошад; рӯҳи ҳайвонӣ, ки манбаи он дил аст ва рӯҳи табиӣ, ки макони он ҷигар мебошад, бағоят қавӣ мегардонад; қуввати боҳро ва маниро меафзояд.
Миқдори як бор хӯрдани аз беҳрешаи саҳроӣ дар як рӯз то 17,5 грамм аст. Ба ҷои ин барои зиёда гардонидани қуввати боҳ мағзи тухми санавбарро истеъмол намоянд, мебояд.
Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи саввум гарм ва дар дуввум хушк аст, ба қавли баъзе дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: тухми инро биҳӯранд, сурфаи кӯҳнаро ба ибро меоварад, моддаҳои зарарнокро аз узвҳои даруни сина дафъ мекунад; меъда ва узвҳои ҳозима, ки иборат аз меъда, ҷигар, рӯдаҳо ва сипурз мебошанд, қавӣ мегардонад; қуввати боҳ ва маниро зиёда месозад, бодҳо ва моддаҳои ғафси балғамиро таҳлил медиҳад, гиреҳҳои аъзоро мекушояд, пешобро меронад, сангҳои гурда ва ҳичакро майда карда мерезонад, ҳайзро ҷорӣ мекунад ва бачадонро аз моддаҳои бегона пок гардонида, ба ҳомила шудани зан мадад мерасонад, душвор зоиданро осон мекунад, сустии буғумҳоро ба ислоҳ меоварад ва дардашро низ таскин медиҳад, инчунин дарди рӯдаҳоро барҳам медиҳад; харошила шудани сатҳи даруни рӯдаҳои кӯдаконро шифо мебахшад; истисқои бодиро сиҳат мекунад, барои газидани каждум ва дигар ҷонварони заҳрнок дору мешавад.
Ин тухмашро кӯфта гузошта банданд, варамҳои балғамиро, яъне варамҳои мулоими сардро таҳлил ме

пешина
аз 702
навбатӣ