Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
диҳад. Инро дар об ҷӯшонида, он обро ба ҷои каждумгазда бирезанд, газанди онро дафъ мекунад.
Хӯрдани тухми сабзии даштӣ ба одамони гарммизоҷ зарар дорад, яъне боҳи ононро суст мегардонад — дар ин ҳолат катиро бояд бихӯранд, то он ки ислоҳи зарар бахшад; ба ҳичак низ зиён мекунад — дар ин маврид мустако бояд хӯрд.
Агар тухми ин ёфт нашавад, ба ҷояш ду баробари тухми сабзии зироатиро ё тухми карафсро бихӯранд, раво мебошад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухми сабзии саҳрой дар як рӯз 3,5 грамм аст.
- Ҷуворимакка
Ин донҳои растаниест, ки аз паҳлуи пояаш бар сӯта қатор ҷой гирифтаанд муттасил ба якдигар, ки ба ранг зард, сурх, бунафш ва сафед мебошанд. Хомаш каме тунчӣ дорад дар таъм ва агар расида гардад, ширин мешавад. Расидаашро бирён карда мехӯранд ва орд карда аз он нон тартиб медиҳанд ва он нон дар гармогармиаш лазиз аст.
Поя ва баргҳои он монандӣ ҷувории сафед мебошад.
Мизоҷи ин моил ба гармӣ ва дар дараҷаи дуввум хушк аст, ба қавле дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, хун ва балғами шахшударо таҳлил медиҳад, дарунро мебандад ва сахт часпак мебошад, каме бӯднок, ғизораташ бисёр аст. Агар инро ҳамчун ғизо бардавом истеъмол кунанд, иллати силро дафъ месозад, исҳолро мебандад, ғизорати он зиёда аз биринҷ, вале аз гандум камтар аст.
Агар инро пухта, бо сирко хамир сохта гузошта банданд, кӯтури решгаштаро дафъ мекунад, таркидани пӯст ва нохунро шифо мебахшад; агар хомда ба чашм гузошта банданд, нури чашмро қавӣ мегардонад; ба ҷоҳои газидаи ҷонварони заҳрнок бибанданд, газанди онҳоро дафъ мекунад. Ва агар орди онро дар об пухта, бо он нимгарм ҳуқна кунанд, захми рӯдаҳоро шифо мебахшад.
Ба ҷои ҷуворимакка ҷувории сафедро истеъмол кунанд, равост.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо