Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан
  1. Ҷуворин сафед

Ин наботи зироатист, баргҳояш монанди баргҳои ҷуворимакка, пояаш чун найи ғафс, вале дарунаш ковок надорад, таъми пояаш ширин аст, самараш, яъне донҳояш дар сари растаниаш анбӯҳ дар хӯша, донҳояш калонтар аз наск, кулӯла, сахт ва сафед мешавад. Аз ин ошҳо пухта мехӯранд.

Мизоҷаш сард ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: дар ғизонят бисёр қавӣ, вазнинтар аз арзан, хушккунандаи рутубатҳои зиёдатӣ, исҳолро мебандад. Дар ҳамаи дигар феълҳо монанди ҷуворимакка аст.

Ҳар як қисми растании инро гузошта банданд, сардкунанда, хушккунанда ва радгардонда аст.

  1. Санавбар

Ин дарахтро ба забони русӣ сосна мемонанд, ки ду навъ аст: якеаш нар, он самар намедиҳад, фақат аз шилми он қатрон ҳосил мекунанд; дигараш самари монанди дили гӯсфанд дорад — ин навъи модаи он аст. Самараш дар хомӣ яклухт метобад ва агар расида гардад, донаҳояш аз ҳам шукуфта, дар намуд ҷудо мегарданд. Беҳтарини он мағзи тухмаш сафед, болида ва равғандори он аст.

Мизоҷаш дар дараҷаи саввум гарм ва хушк аст, вале баъзеҳо дар дараҷаи дуввум гуфтаанд. Мизоҷи барг ва пӯстлохи он гармтар аст аз тухми он.

Хислатҳои шифобахши он: барг ва пӯстлохи онро бихӯранд, барои дарди гулӯ, ҷароҳати шуш, банд кардани хуни бинӣ ва қатъ гардонидани хуни ҷароҳатҳои нав дору мешавад. Ҳар рӯз 4,5 грамм сӯзанбаргҳои онро кӯфта, бо шахдоб бинӯшоманд, иллатҳои ҷигар, варам ва дағалии онро дафъ мекунад. Агар ин миқдор хушкашро бо оби сард бихӯранд, дарунро мебандад.

Барги хушки онро кӯфта бипошанд, чок-чокшуда ва даридаи узверо покиза сиҳат мекунад. Бо зоки сурх якҷо кӯфта бипошанд, решҳои раддиро шифо мебахшад.

Баргҳояшро дар об ҷӯшонида, бо он об ғӯсл кунанд, мондагиро бартараф месозад, качалиро шифо мебахшад, баданро аз чирк пок менамояд, бадбӯии

пешина
аз 702
навбатӣ