Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ҷароҳатҳои нав давои хуб мебошад ва ҷароҳати кӯҳнаро пок мегардонаду онҳоро сиҳат мебахшад.
Шилми санавбар дар баданҳои сахт гӯшт мерӯёнад, вале дар баданҳои мулоим варамҳоро ба амал меоварад.
Чун шилми санавбарро бо нисф вазни он зарних, мурч ҳамроҳ карда, бо равғани бодом пухта, монанди марҳам гузошта банданд, донаи бавосирро дафъ мекунад, лекин сахт ба дард меоварад. Илоҷи ин бо молидани сафеди тухми мурғ, сафедоб ва бо хӯрдани шири навдӯшида ҳосил карда мешавад.
- Бодиён
Ин ду навъ аст: бодиёни оддӣ (арпабодиён) ва бодиёни хитой — ин ситорашакл аст. Бодиёни оддӣ низ ду навъ дорад: саҳрой ва бӯстонӣ. Беҳтарини он оддии бӯстонии он аст. Ин тухми маълум ва машҳур мебошад.
Мизоҷи бӯстонии он дар аввали дараҷаи саввум гарм ва дар дараҷаи якум хушк аст. Вале ҳаким Буқрот дар дуввум гарм ва дар якум хушк донистааст. Мизоҷи тухмаш гармтар назар ба барги он. Решааш барои давогӣ қавитар аз қисмҳои дигари он аст.
Хислатҳои шифобахши он: тухмашро бирьён карда бихӯранд, маҷроҳои узвҳои даруни сина, ҷигар, сипурз, гурда ва ҳичакро мекушояд ва инчунин дардҳои ин узвҳоро, ки аз сардӣ бошанд, таскин медиҳад; чашм ва меъдаро қувват медиҳад, бодҳо ва ахлоти ғафсгаштаро таҳлил мебахшад ва пароканда мекунад, шири занонро пайдо ва зиёда мегардонад, хусусан нави он пешоб ва ҳайзро равон месозад, бар зидди захрҳои ҳайвонӣ тарйёк мешавад.
Тухми онро дар об ҷӯш дода, он обро бо гули говзабон ва он тухм бинӯшанд, дилтапак (дилбозӣ) ва иллати беҳушшавиро дафъ мекунад; агар инро бо сунбул ва анҷир бихӯранд, барои сурфа, дамкӯтаҳӣ ва душвории нафас дору мешавад. Агар худашро танҳо биёшоманд, бодҳои ғафсгаштаро таҳлил медиҳад ва пароканда месозад; дардҳои паҳлу ва тиҳигоҳро таскин медиҳад; кулинҷро, ки варам ва дарди рӯдаҳои ғафс аст ва ба забони русӣ колит меноманд, мекушояд; рутубати ғафс ва часпаки меъда, беҷо (беҳузур)

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо