Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

шудани дил, балғами шӯр — ҳамаашро дафъ менамояд; қуввати давоҳоро ба ҷоҳои дури бадан, ҳатто ба дасту поҳо низ мерасонад; исҳоли кӯҳнаро мебандад ва агар якчанд рӯз бо зираи сабз бихӯранд, исҳолҳои дигарро низ баста мегардонад, меъдаро қувват медиҳад; бо асал ва ё бо сиканҷабин бихӯранд, табҳои кӯҳнаро ба ибро меоварад: ҳангоми гирифтани табҳо бо оби хунук бинӯшанд, беҷо шудани дил ва тафси меъдаро, ки аз ҷамъ шудани балғами шӯр бошад, таскин медиҳад бо воситаи ба худ ҷаббидан ва бухор гардонидани он модда ва ҳамон тавр бо воситаи пешоб хориҷ мекунад.

Агар кӯфтаи инро бо гулканд сиришта бихӯранд, меъдаро қувват мебахшад, инчунин рутубат ва балғамхоро аз он дафъ месозад.

Шираи онро бо кӯфтаи он сиришта, андак гарм карда, ба шиками тифлон бимоланд, боди даруни онро пароканда мекунад, дарди онро низ шифо мебахшад.

Агар аз рӯзи якуми моҳи ҳамал то сар шудани моҳи саратон ҳар рӯз 3,5 грамм тухми арпабодиёнро бо ҳамвазни он шакар талқон сохта, тановул намоянд, дар он сол ба хӯрандаи ин иллат ва беморӣ немерасад.

Оби барги тару тозаи онро дар офтоб қивом намоянд, инро усораи арпабодиён меноманд. Усораи хушки онро ос карда чун сурма ба чашм кашанд, чашмро тез мекунад. Баъзеҳо гиёҳи тару тозаи онро дар оташ дошта ва аз он рутубатеро берун меоваранд ва онро ҷамъ карда ба чашм мекашанд, фоидаи ин ба чашм назар ба усораи баргаш қавитар аст.

Оби барги тару тозаи онро дар зарфе ба оташ гузоранд, чун ду-се ҷӯш хӯрад, қафки онро бо асал ва шилми сақбина (шилмест, ки дарахташ ҳеҷ нафъ надорад) даромехта дар чашм кашанд, барои манъ кардани зардоби ба гавҳарак фуроянда, қавӣ гардондани рӯшноии чашм даво мебошад.

Чун усораи оби барги онро дар офтоб хушк гардонида, бо заҳраи калхот дар шиша андохта, се ҳафта дар офтоб биёвезанд ва баъд ба чашм кашанд, фуромадани зардобро ба гавҳарак манъ ва занфии чашмро дафъ мекунад. Ин боз як фоида дорад. Баъзан гавҳараки чашм васеъ гашта, ҳамаи сиёҳии чашмро (карнияро) фаро мегирад — инро низ шифо мебахшад.

пешина
аз 702
навбатӣ