Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
ва чокшударӯ ба ҳам мечаспонад ва варамҳоро таҳлил медиҳад.
Чокулаи сиёҳ ҳангоми ба дарун истеъмол кардан ба одамони гарммизоҷ зарар дорад, дарди сар мекунад; агар бисьёр бихӯранд, хунро мурдор ва вайрон мекунад, маниро месӯзонад, пушти камарро қатъ месозад. Дар ин маврид сирко, шарбатҳои меваҳои турш бинӯшанд ва анори турш бимаканд, ислоҳи зарар менамояд.
Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз решаи чокулаи сиёҳ то 7 грамм аст. Ба ҷои ин решаи савсани кӯҳиро истеъмол намоянд, равост.
Ба қавли як қатор одамон чун як адад тухми онро фурӯ баранд, зуд омадани маниро ҳангоми ҷимоъ, ислоҳ мекунад. Агар тухмашро сӯхта, дудашро ба дандон бигиранд, кирми онро мерезонад. Ва агар тухмашро кӯфта, бо об хамир сохта бимоланд, ранги рухсораро неку месозад; бо асал хамир карда гузошта банданд, доғҳои гуногуни пӯстро дафъ мекунад.
Решаи чокулаи зардро бихӯранд, дардеро, ки аз газидани ҷонварони заҳрнок ба амал омада бошад, дафъ мекунад ҳамон дам.
Ба қавли як қатор донишмандон агар кордро аз оби ин об диҳанд, ба ҳар ҷонваре, ки он биҳалад, зуд ҳалок мегардад.
- Юнучка
Инро дар як қатор маҳалҳои тоҷикон ришқа меноманд, ки шакли адабии тоҷикиаш ҳамин аст, вале «юнучқа» аз туркӣ дохил шудааст. Ин растанӣ ба ҳама маълум мебошад, зироат мекунандаш.
Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва тар аст. Баъзеҳо дар дараҷаи дуввум гарм ва хушк низ гуфтаанд.
Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, дарунро мулоим мекунад, қуввати боҳ мебахшад, вале шикамро дам низ менамояд. Агар бо шакар бо мудовамат бихӯранд, баданро фарбеҳ менамояд, хуни солим аз он пайдо мешавад.
Инро кӯфта, бо асал хамир сохта гузошта банданд, варами хунукро таҳлил медиҳад; бо сирко сиришта гузошта банданд, варами гармро мегардонад. Агар юнучкаро пухта, рӯзе ду бор ба мабдоъи асабҳо гузошта банданд, иллати ларзакром дафъ мекунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо