Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ТибТаърихИлм
Аз аввал хондан

Тухмаш дар давогӣ назар ба қисмҳои дигари он, қавтар аст, вале хислати қабзкунандагӣ дорад. Агар инро бихӯранд, манӣ ва шир пайдо мекунад, баданро фарбеҳ мегардонад, ҳайзро равон месозад, хусусан дар ҳаммом ва ё баъд аз ҳаммом кардан тановул намоянд, дар ин амал қавитар аст; барои дағалии узвҳои даруни сина ва сурфа дору мешавад. Қувваташ то панҷ сол боқӣ мемонад.

Миқдори як бор хӯрдан аз тухмаш дар як рӯз аз
7 то 17,5 грамм аст.

Аз юнучка равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ: 1. Тухмашро кӯфта, камтар оби гарм бар он пошида нам гиронда, баъд бо воситаи фишор додан равғанашро меситонанд. 2. Оби барги тару тозаашро гирифта, баробари он об аз болояш равғани зайтун андохта, дар зарфе бо оташи мулоим меҷӯшонанд. Чӯшишаш басанда гардад, зуд аз оташ фуруд меоваранд — ин равғани юнучка ҳисоб меёбад.

Молидан ва хӯрданаш каҷ шудани рӯй ва ларзакро шифо мебахшад.

Агар юнучкаи хушкро бихӯранд, дарунро мебандад.

Гулаш дар давогӣ назар ба тухмаш зиёдтар мебошад. Агар дуди инро бардавом бигиранд, каҷ шудани рӯйро ба ибро меоварад.

  1. Анор

Ин самар навъҳои гуногун дорад: ширин, майхуш, турш.

Мизоҷи анори ширин умуман сард дар дараҷаи дуввум ва дар якум тар аст. Мизоҷи пӯсташ сард ва хушк аст, бисёр қабзнятовар мебошад.

Беҳтарини самари анори ширин бузургдона ва
шодоби он аст.

Хислатҳои шифобахши он: агар бихӯранд, ғизоияташ кам, вале аз он хуни солим пайдо мешавад, боднок аст.

Агар инро одамони гарммизоҷ бихӯранд, олати мардии онҳоро ба ҳаракат меоварад, узвҳои баданро аз
моддаҳои зарарнок пок мегардонад, гиреҳҳои мавҷударо мекушояд, дарунро мулоим мекунад, пешобро
меронад, ташна мегардонад. Агар инро баъд аз таом
бихӯранд, таомро зуд аз меъда фуруд меоварад. Инчунин хӯрдани ин рӯҳи табииро, ки маконаш ҷигар

пешина
аз 702
навбатӣ