Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

аст, соф ва дурахшон мегардонад, худи ҷигарро қувват мебахшад; барои истисқои обӣ, сустии ҷигар (суулқиня), зардпарвин, бемориҳои сипурз, дилтапак (дилбозӣ) дарди узвҳои даруни сина, сурфаи гарм дору мешавад, овозро соф ва равшан мекунад, баданро фарбеҳ мегардонад; қӯтур ва хоришро дафъ месозад, ранги рухсораро неку менамояд.

Вале ин анори ширинро аз ҳад зиёд бихӯранд, ғизоро вайрон ва муқар мекунад, меъдаро заиф мегардонад; азбаски ин болнок аст, масомҳои пӯстро дағал мегардонад, инчунин барои одамони табгирифта зарар дорад. Дар ин мавриди барои ислоҳи ин анори турш бояд бихӯранд. Ва агар ба одамони сардмизоҷ зарар кунад, занҷабил бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад.

Оби анори ширинро дар об ҷӯшонида, ғафс гардонида бошанд, инро рубби анори ширин мегӯянд. Рубби онро бихӯранд, назар ба оби он қавитар аст. Вале хӯрдани ин ҳам меъдаро суст мегардонад — дар ин ҳолат барои ислоҳи зиёнаш мустако бояд хӯрд.

Чун сари анори ширинро сӯрох карда, дафъа ба дафъа ба қадри ғунҷоиши он равғани бодоми ширин ё равғани бунафша дар он рехта, ба рӯи оташ гузоранд, то он ки равғанро бимақад ва ба ҳадде расад, ки дигар равғанро ҷазб накунад. Он анорро бимаканд, дарди узвҳои даруни сина ва сурфаи хушки кӯҳнаро дафъ мекунад. Оби анори ширинро бо шакар ва нишоиста, шилми бодом ва равғани бодом, ки нимгарм бошад, нимгарм бардавом бихӯранд, низ ҳамин асарро дорад.

Оби ин анорро дар шиша рехта ба офтоб гузоранд, то он ки ғафс гардад ва баъд онро дар чашм кашанд, рӯшноии онро меафзояд — ҳарчанд ин кӯҳнатар шавад, беҳтар ва қавитар мегардад.

Хӯрдани тухмаш бодангез аст, дар меъда бод пайдо мекунад.

Гулашро сӯхта бипошанд, ҷароҳатҳоро ба ҳам
оварда хушконида, сиҳат мекунад.

Мизоҷи анори майхуш (туршу ширин) дар сардӣ ва тарӣ моил ба эътидол аст. Дар дигар ҷиҳат монанди анори ширин мебошад. Вале дар таскин додани ҷӯшиши сафро ва ҷӯшиши хун аз он қавитар аст ва барои одамони сафровимизоҷ назар ба анори ширин ва турш форамтар мебошад.

пешина
аз 702
навбатӣ