Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
хабҳо ва аксари давоҳои подзахрия, тарёкия ва ғайраҳо, монандӣ ҷадвор, ҷинтиёно, зарованд, сабзии саҳрой ва монандӣ инҳо аз қабили дуввум ва ғайри том-ут-таркиб мебошанд, ки баъди дохил шудан табиати бадан ба онҳо таъсир намояд, онҳо ба қисмҳо ҷудо гашта, аз ҳар якеи онҳо асари алоҳида, як феъл, як кайфият ва хосияте зоҳир мегарданд. Чунончӣ, дар давоҳои мураккаб-ул-қуво ва зулхосията, ки ба онҳо ишора шуда буд.
ФАСЛИ ПАНҶУМ.
ДАР БАЁНИ УСУЛИ ШИНОХТАНИ МИЗОҶҲОИ ДАВОҲО
ВА ҒИЗОҲО БО ВОСИТАИ ТАҶРИБА ВА ҚИЁС
Мизоҷҳои давоҳо ва ғизоҳо бо воситаи таҷриба ва
ё бо қиёс маълум карда мешаванд. Дар усули таҷриба якчанд шартҳоро риоя кардан даркор аст, то ки ба
онҳо эътимод дошта шавад: 1. Бояд ки он даво аз кайфияти таъсири берунӣ, яъне аз он кайфият, ки аз берун медарояд, холӣ бошад, яъне дар таъсири гармӣ,
сарди, тарӣ ё хушкии беруна намонда бошад, масалан: об гарм карда шавад, ба мизоҷи он гармӣ дохил
мегардад ва чун ҳарорати он барҳам хӯрад, ба мизоҷи
аслии худ, ки хунук аст, бармегардад ва мизоҷаш хунук мешавад. Ҳамчунин аст ҳаво ва дигар ашъёи содда ва мураккаб. 2. Бояд таҷрибаро дар шахси мӯътадил-ул-мизоҷи ҷавони хубу боидрок, солимтани дили наҳордошта гузаронида шавад ва хӯронидани даворо аз миқдори кам ва зиёди он оғоз намуда, дар бемориҳои гуногун истифода ва санҷида шавад; инчунин
вақт, замон, фаслҳои гуногуни сол ва синну соли ҳархелаи одамонро риоя карда шавад. Вақте ки аз он
даво кайфияти хоҳ гармӣ, хоҳ сардӣ, хоҳ тарӣ ва хоҳ
хушкӣ зоҳир гардад, баъд ҳукм кунанд, ки он даво ё
ғизо чунин кайфият дорад. 3. Бояд қуввати он даво ба
қуввати иллат муқовамат намуда тавонад, яъне миқдори он дар кайфият, андоза, шиддат ва заифӣ мусовии беморӣ бошад, на каму на зиёд аз он. Зеро ки
баъзе давоҳо гоҳ аз муқовамат ба иллат оҷиз меоянд
ва ба он пурра таъсир карда наметавонанд. Бинобарҳамин беҳтар он аст агар таҷрибакор хоҳад, ки кораш
осон гардад, бояд аввал ба иллати сабук даворо аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё