Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа
миқдори кам дода, таҷриба гузаронад ва ба тадриҷ дар бемориҳои шадид миқдори даворо афзуда, қуввати онро муайян намояд, ҳам ба танҳо, ҳам бо давои ӯридандаву ба ҷойҳои даркорӣ барандан он якҷоя. 4. Бояд муддати табобатро, ки феъл ва таъсири даво ва ғизо дар он зоҳир мегардад, муайян намояд. Масалан, агар дар аввали истеъмол аз он ягон феъл ва асаре маълум нагардаду дар охир зоҳир шавад, он даворо бояд қавӣ ва мураккабулқуво донад. Ё он, ки дар аввали истеъмол аз он ягон феъл ва асаре маълум гардад ва дар охир асаре ва феъле дигар зоҳир шавад, масалан, ҳангоми истеъмоли афюн дар аввал бинобар карахт кардани бадан ва баста гардонидани масомҳо аз он гармӣ махсус мешавад, вале дар охири истеъмол аз он кайфияти сардӣ, пажмурдагӣ, мирондани қувват ва рӯҳҳои бадан, хомӯш кардани ҳарорати табиӣ, шах ва хушк гардонидани рутубатҳои аслӣ пай бурда мешавад. Пас, дар ин ҳолат феъли дар аввал зоҳиргаштаро зоҳирӣ ва сонииро хоси асосӣ донад. Низ дар баъзе давоҳо ва ғизоҳо дар аввали истеъмол аз онҳо хусусияти асосӣ зоҳир мегар-даду баъдтар хислати иловагиашон махсус мегардад. 5. Бояд равиши феъл ва нест шудани онро дар мадди назар дорад, яъне бояд феъли онро мулоҳаза намояд, агар он феъл доимӣ ва ё аксарӣ бошад, онро хосияти ҳақиқӣ донад, вагарна дуввуминдараҷа ва зоҳирӣ. 6. Бояд ба ҳамон бадани инсоне, ки даво ё ғизоро хӯронидааст, қиёс кунад, на ба дигар баданҳо. Масалан, баъд аз истеъмоли он ба дарун баданро гарм гардонад, ҳукм кунад, ки ин даво гарммизоҷ аст маҳз барои бадани инсон, вале дар дигар ҳайвонот ин тавр ҳукм нанамоянд. Зеро давоҳое мавҷуданд, ки агар инсон онро бихӯрад, як кайфиятро зоҳир менамояд ва худи ҳамон даворо ба ҳайвоноти дигар диҳанд, таъсираш тамоман ба таври дигар маълум мегардад. Масалан, агар ба асп як донаи хурморо бихӯронанд, дар бадани он гармии бисёрро ба амал меоварад ва вай хеле арақ мекунад. Ҳамчунин аст аксари гиёҳҳои хушк ва давоҳои заҳрноки мизоҷи гармиашону сардиашон башиддат, ки ғизои аксари ҳайвонот мебошанд, монанди шавкарон ғизои соч (сор) аст, ҳарбак (морозник) ғизои бедона аст, биш ғизои муши биш аст, товус ва ҳамчунин ҳамаи онҳо барои инсон зарарнок ва заҳри қотиланд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё