Зеҳн
Канзи шифо (Х. Зоҳидов)

Дар китоб беҳтарин намунаҳо аз китобҳои қадиман тибби тоҷикию форсӣ дохил гардидаанд. Дар ҳақиқат ҳоло баъзе касалиҳо ҳастанд, ки тибби имрӯза дар табобати онҳо оҷиз аст. Восита ва роҳҳое, ки дар ин китоб тавсия мешавад, қариб ба тамоми касалиҳо даво шуда метавонад.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 702 саҳифа

ИлмТибТаърих
Аз аввал хондан

маҳавро пайдо мекунад. Барои ин қабил зарарҳояшро нест кардан, онро се рӯз дар асал ва сирко тар кунанд, кифоя аст, ки безарар гардад.

Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз пиёзаки саломалек аз 3,5 то 9 грамм аст.

Агар инро дар собунгарӣ дохили собун намоянд, боиси хушбӯй ва шифобахшии он мегардад.

  1. Биҳӣ

Ин меваи маълум аст, ки се синф мебошад: а) биҳии ширин, ки онро биҳии озод меноманд; б) биҳии майхуш, яъне туршу ширин, ки ин ҳам бисёр аст; в) биҳии маҳз турш.

Мизоҷи биҳии ширин дар гармиву сардӣ қариб дар эътидол аст ва дар дараҷаи якум тар мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, дил, майна ва меъдаро қувват мебахшад; рӯҳи ҳайвониро, ки манбаи он дил аст ва рӯҳи нафсониро, ки манбааш мағзи сар аст, сурур мебахшад; пешобро меронад.

Оби биҳии ширинро гарм карда бимоланд, варами дасту похо ва сустии ҷигари гарммизоҷонро ба ибро меоварад, вале хунукмизоҷонро зарар дорад.

Биҳии ширинро напахта бихӯранд, аз ҷойҳои дигари бадан рехта шудани моддаҳои зарарнокро манъ мекунад, вале дар узвҳои бадан гиреҳҳо пайдо менамояд.

Мизоҷи биҳии турш дар дараҷаи якум сард ва дар дуввум хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, хислатҳояш дар бобати қувват бахшидан барои меъдаи гарммизоҷ аз биҳии ширин қавитар аст. Ва агар инро аз болои таом бихӯранд, оҳиста исҳол меоварад ва агар дар вақти холӣ будани меъда бихӯранд, дар одамони гарммизоҷ дарунро мебандад.

Усораи биҳии туршро, яъне оби онро дар офтоб ғафс гардонида бинӯшанд, барои иллати ростнафас, ки бемораш дароз кашида ва хобида нафас гирифта наметавонад, дамкӯтаҳӣ, хун кай кардан, иллати кайкунӣ, дафъи хумор, таскин додани ташнагӣ, бисёр пешоб шудан ва дигар хунравиҳо даво мебошад.

Мизоҷи биҳии майхуш, яъне туршу ширин дар гармӣ ва сардӣ мӯътадил ва дар дараҷаи дуввум хушк аст.

пешина
аз 702
навбатӣ